Имзои як силсила қонун аз ҷониби Пешвои миллат

№72 (4022) 22.06.2019

20 июни соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи чарогоҳ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, бахусус рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» дар таҳрири нав қабул гардида, дар он тартиби ба истифода додани чарогоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони он, назорати истифодаи дуруст ва босамари чарогоҳ, инчунин, дигар масъалаҳои ба чарогоҳ дахлдошта пурра танзим шуданд.

Дар асоси тағйироти ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» воридгардида салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии навтаъсис дар соҳаҳои назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бехатарии озуқаворӣ ва авиатсияи гражданӣ муайян карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ворид­гардида ба рушди соҳа аз тариқи ташкили махзани электронии феҳристи иҷозатномаҳо, такмили салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии соҳаи иҷозатномадиҳӣ ва самтҳои дигари соҳа мусоидат хоҳад кард.

Тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ пайваст кардани симкортҳо ба шабакаи алоқаи барқӣ ва бо истифода аз онҳо содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта равона гардида, барои содир кардани чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро муқаррар кардааст.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, кормандони мақомоти номбурда минбаъд оид ба даромад ва вазъи молумулкӣ ба мақомоти дахлдор бояд эъломия пешниҳод намоянд.

Дар маҷмӯъ, қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлат, татбиқи сиёсати пуливу қарзӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар нашр мешавад.

www.president.tj