Иштирок дар Панели сатњи баланд оид ба масъалањои об

№148-149 (3628-3629) 03.12.2016

30495500224_e36e205279_o29-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Маҷористон ва роҳбари ин давлат барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниҳои муҳим доир ба масъалаҳои об, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ва иштироки фаъол дар татбиқи Нақшаи амалҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки сентябри соли равон қабул шуда, маҷмӯан 57 амал ва мавзӯи афзалиятнокро фаро мегирад, изҳор намуданд.

Тавре зикр шуд, Тоҷикистон ҷонибдори эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои рушди устувор» мебошад, ки аз бандҳои асосии ин Нақшаи амалҳо ба ҳисоб меравад ва лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавзӯъ ва амалҳои афзалиятноки Нақшаи амалҳо ниҳоят муҳим ба шумор рафта, барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи ­боэътимод ва ҷавобгӯйи замон фароҳам меоварад.

www. president.tj