Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

40892982780_d6185eeee6_o10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар макони баргузории ҷаласа — Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Хитой Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Пас аз маросими аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳайати маҳдуд доир шуд.

Дар он масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Эрон, Муғулистон, намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин коршиносони дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳукумати кишвари мизбон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва доир кардани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва пазироии самимии иштирокчиён изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат ба нақши Хитой дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ва натиҷаҳои кори он баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагиро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, равона намуд.

Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таҳкими ҳамкории муштарак зарур шумурда шуда, пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида — Стратегияи зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад.

Зимни баромади пурмуҳтаво, ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳо, ҳамчунин ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштанд.

Дар охири суханрониашон Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардуми минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми кори ҷаласа раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018 — 2019 ба уҳдаи Ҷумҳурии Қирғизистон вогузор шуд.

Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои созмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барои доираи васеи хабарнигорон оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот дод.

Шоми 9 июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар зиёфати Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ифтихори роҳбарони ҳайатҳои иштирокдор, шоу-барнома ва фейерверк иштирок карданд.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо сарони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқотҳои судманду самимӣ доир карда, ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

www.president.tj