Иштироки Пешвои миллат дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

28 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳар сол 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайёра изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

Зимни таҳлили фаъолияти ниҳоди мазкур дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дастовардҳо, ҳамчунин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ аз як қатор камбудӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, набудани интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, аз роҳбарияти он ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб карданд.

Ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон рухдода собит намуданд, ки дар ин самт, яъне пурзӯр намудани интизом ва тақвияти неруҳои сарҳадӣ корҳои зиёд бояд ба анҷом расонда шавад. Аз шароити хизмат, машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии зиёд ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар як соли охир даҳҳо дидбонгоҳу гузаргоҳи сарҳадӣ, таълимгоҳ ва шароити зисту истироҳат бунёд карда, ба истифода дода шуданд. Сол то сол таъминот бо яроқу техника ва дигар муҳимоти ҷангӣ хубтару беҳтар ва сафи мақомоти мазкур аз ҳисоби афсарони ҳирфавӣ пурра мегардад.

Ба андешаи Пешвои миллат, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди мақомоти амнияти миллӣ истодааст, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур доданд, ки ҷиҳати ҳар чӣ тезтар ба Ватан баргардонидани он афрод ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои амалӣ андешида, дар шароити таҳдидҳои гуногуншакли террористӣ, ки ҳар рӯз дар нуқтаҳои гуногуни сайёра амалӣ карда мешаванд, роҳу усулҳои муборизаро низ тақвият бахшанд, то ин ки тавонанд бо ин зуҳуроти нангин муборизаи беамон баранд.

Дар охир бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои рисолати бузург — ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир — озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Дар ҷамъомад бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант, ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев рутбаи ҳарбии генерал-майор ва ба сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Шомуддин Шарифов рутбаи ҳарбии генерал-майор дода шуд.

www.president.tj