Иштироки Пешвои миллат дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ

№79 (4029) 02.07.2019

48166137687_36a9b69867_o30 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи миллии олимпии «Динамо» иштирок карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат варзиданд.

Бозиҳои аврупоӣ маҷмӯи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, ки дар он варзишгарон байни ҳам рақобат карданд.

Ба бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, гӯштини юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, гӯштини «дзюдо»-ву «самбо», каратэ, тенниси рӯйи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошад.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони «Вақти ғалабаҳои бузург» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок карданд. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз рӯи 15 намуди варзиш талош варзиданд.

www.president.tj