Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№49 (3999) 02.05.2019

33864822888_33d2a9bb32_o30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст «Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарабахши идоракунии давлатӣ, бахусус, ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал, таҳия гардида, хусусият, иқтидор, афзалият ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон супориш доданд, ки барои ба низоми ягона даровардани раванди таҳияи барнома, нақшаҳои рушд ва ҳамоҳангсозии онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои то соли 2030» аҳамияти махсус дода, тартиби ягона ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод карда шавад.

Сипас, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат» баъди шарҳу тавзеҳ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фирис­тода шуданд.

Дар хотима Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии ­масъалаҳои баррасишуда, иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ ва идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj