Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№1 (4107) 01.01.2020

37114513870_09f5fdeea0_o30 декабри соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид, ки дар он нахуст Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 36 масъала ва 18 банд чорабинии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидааст.

Баъди баррасӣ Нақшаи кории Ҳукумат қабул гардид ва ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

49297743557_faa4103f19_oОид ба ҷараёни амалишавии «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид шунида шуд.

Таъкид гардид, ки стратегия, тибқи дас­туру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар, бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди мамлакат таҳия гардидааст.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва «Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳо, сохторҳои дигари марбута дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври амалӣ чораҷӯйӣ кунанд.

Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба татбиқи пурсамари нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, сабзазоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб карданд.

www.president.tj