Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№106 (4212) 01.09.2020

50290203181_6904119759_o31 августи соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии барнома амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин, татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳа мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои татбиқи пурраи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз тамоми имкону захира ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.

Дастуру супоришҳо ба ­масъулини Вазорати кишоварзӣ оид ба истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дода шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат баъди баррасӣ дар робита ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа низ ба Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор супориш дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии коронавирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маҳсулоти кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.

www.president.tj