Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

12107188_924679690935551_7731751490970586628_nНамояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Сафари давлатии инҷониб ба Ҷумҳурии Исломии Покистон муваффақона идома дорад. Чанде қабл як силсила санадҳои нави дуҷониба ба имзо расиданд, ки асоси ҳуқуқиву қарордодии ҳамкориҳои ду ҷонибро мукаммалу васеъ намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф суҳбати хоса доштем ва музокироти васеи ҳайатҳоро баргузор намудем.

Зимни суҳбату музокирот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо ҳамчунин перомуни масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кардем.

Тоҷикистону Покистон аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, мавҷудияти имконоти фарохро барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, энергетика, нақлиёт, дифоъ ва амният бори дигар таъкид намуданд.

Мо раванди татбиқи амалии мувофиқаҳои қаблиро, ки зимни сафарҳои расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон солҳои 2014 ва 2015 дар шаҳри Душанбе ҳосил гардида буданд,  мусбат арзёбӣ кардем.

Зарурати тавсеаи робитаҳои ҳавоӣ, заминӣ ва василаву иртибототи дигари нақлиётиву коммуникатсионӣ барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ, робитаҳои байни мардумон ва рушди сайёҳӣ бори дигар таъкид ёфт. Тасмим гирифта шуд, ки Комиссияи муштараки сатҳи вазирон тавсияҳои мушаххасро дар ин бора таҳия намояд. Пешниҳод гардид, ки ҷаласаи панҷуми Комиссия дар ояндаи наздик дар шаҳри Исломобод баргузор гардад.

Мо аз баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Покистон, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар баробари Ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар бомуваффақият баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намудем.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шуд, таъкид карданд. Комиссия вазифадор карда шудааст, ки ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетика ва бунёди зерсохтор баррасӣ намояд.

Мо тавсеаи имконоти транзитӣ ва ҳамлу нақлро, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ зарур шуморидем.

Дар ин замина ҷонибҳо тазаккур доданд, ки ҳар чӣ зудтар имзо намудани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба густариши бесобиқаи робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодии се кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард ва ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ такони бештар хоҳад бахшид.

Мо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистонро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон таъйид намудем.

Ҳангоми музокирот мавзӯи ҳар чӣ зудтар дар қаламрави Афғонистони бародар пойдор намудани амну амонӣ аз мавзӯъҳои умдаи мулоқотҳои мо буд.

Зикр гардид, ки мусоидати ду кишвари мо ба истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу субот дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Покистон ва ба нафъи тамоми минтақа мебошад, зеро имконияти хуберо барои татбиқи ҳар чӣ бештари барномаҳои минтақавӣ фароҳам хоҳад овард.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории хуби ду давлатро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд.

Мо бори дигар Ҷумҳурии Исломии Покистонро бо оғози раванди шомилшавӣ ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтем ва мутмаинем, ки он барои ширкати ҳар чӣ бештар ва фаъолтари ин кишвари ба мо бародар дар татбиқи барномаҳои минтақавӣ шароити бештар фароҳам хоҳад овард.

Мо умедворем, ки сафари кунунии давлатии мо ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар амри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикӣ ва робитаҳои анъанавии мардумони ду кишвар нақши созанда хоҳад дошт.

Мо ба Сарвазири Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф  барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки зимни ин сафар нисбат ба ҳайати Тоҷикистон зоҳир гардид, изҳори сипос намудем. Ман аз Ҷаноби Олӣ даъват намудам, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёранд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

 www.president.tj