Изҳороти муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

№122 (3916) 09.10.2018

шаҳри Душанбе, 8 октябри соли 2018

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7-9 октяб­ри соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Ҳиндус­тон Шри Рам Натҳ Ковинд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиғаҳои хоса ва васеъ мулоқот анҷом доданд. Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҳиндустон мулоқот карданд.

2. Дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва музокироти васеи ҳайатҳо таҳти роҳбарии президентҳои ҳар ду кишвар масоили ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод, ки ба муносибатҳои ду кишвари дӯст хос ҳастанд, баррасӣ гардиданд.

3. Ҷонибҳо ба робитаҳои амиқи байни ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои муштараки инсондӯстӣ, таъриху забон, одобу русум ва санъату фарҳанг асос ёфтаанд, ишора намуданд. Онҳо аз табодули афкори мунтазам дар сатҳи баланд, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ миёни ду ҷумҳурӣ дар тӯли бисту шаш соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ  ибрози қаноатмандӣ намуданд. Роҳбарони ду кишвар тааҳҳуди худро ҷиҳати боз ҳам густариш ва тақвият додани ҳамкории стратегӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду рифоҳи иқтисодии ду кишвар ва минтақа таъкид доштанд.

4. Роҳбарони ҳар ду давлат ҳамаи абзор ва сиғаҳои мавҷудаи дуҷониба, аз ҷумла, машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, машваратҳо байни Шӯроҳои амният ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризмро ҷиҳати татбиқи саривақтии созишномаҳои дуҷониба, қарорҳо ва барномаҳои мувофиқашуда муҳим арзёбӣ карданд.

5. Бо ишора ба афзоиши таҳдиди терроризм, бунёдгаройии динӣ, экстремизму ифротгаройӣ ба сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, ду Роҳбар ҳамкорӣ дар маҳви терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуротро таъкид намуданд. Онҳо сарпарастиву дастгирии молиявӣ ва таъмини паногоҳҳо ба террористон дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро маҳкум намуданд. Ба қабули ҳар чӣ зудтари «Конвенсияи ҷомеъ оид ба терроризми байналмилалӣ»-и Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид даъват намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгаройӣ таъкид карданд. Дар ин росто, ду Роҳбар зарурати ҳамкориҳои зич байни шӯроҳои амният ва ниҳодҳои амниятии ду кишварро қайд намуданд.

6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ишора ба мероси Ҳиндустон ҳамчун сарзамини дорои дину забон ва фарҳанги сершумори гуногун ва арзишҳои демократӣ, талошҳои Ҳиндустонро дар самти мубориза бо экстремизму ифротгаройӣ баланд арзёбӣ кард. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дастовардҳои таърихии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз густариши экстремизму ифротгаройӣ дар қаламрави худ ва минтақа, инчунин, таъмини сулҳу субот, таъкид намуда, давлатдории дунявӣ ва ҳаёти мутамаддинро ҷузъи фарҳанги ғании мардуми тоҷик донист.

7. Ду Роҳбар, бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳои муфиди ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи мудофиа дар таърихи 26 июли соли 2018, ба зарурати ҳамкории дуҷонибаи дарозмуддат барои таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумакҳои Ҳиндустон дар тавсеаи зерсохторҳо дар соҳаи амнияту мудофиа ибрози сипос кард ва аз ҳамкорӣ дар фароҳам овардани заминаҳо ҷиҳати муқовимату мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир истиқбол намуд.

8. Ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли 2017 ишора намуда, таъкид карданд, ки сатҳи гардиши мол, сармоя­гузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ,  бо дарназардошти иқтидору арзишҳои рушди иқтисодии ду кишвар, қаноатбахш нест. Онҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ шуданд. Фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ҳиндустонро хуб арзёбӣ намуданд. Онҳо иштироки тоҷирону коршиносони тоҷикро дар теъдоди зиёди намоишгоҳҳо дар Ҳиндустон ва сафарҳои ҳайатҳои тиҷоративу касбии ҳиндустониро ба Тоҷикистон дар солҳои 2016-2018 қайд карданд.

9. Бо таваҷҷуҳ ба зарурати робитаҳои нақлиётии муносиб ҷиҳати дастёбии комил ба вусъати тиҷорат ва иқтидори иқтисодӣ, роҳбарон дар мавриди ҳамкории муштарак бо шарикони минтақавӣ ҷиҳати эҷоди механизмҳои лозимаи нақлиётӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, эҳтиром ба мустақилият ва якпорчагӣ, ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ду Роҳбар ба аҳамияти  талошҳои минтақавӣ барои тавсеаи транзит ва долонҳои нақлиётӣ, ки ба рушди пайвастшавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мусоидат менамоянд, таъкид намуданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар омодагии худро баҳри тавсеаи масири байналмилалии нақлиётии коридори Шимол-Ҷануб, ки барои сарфаи вақт ва хароҷоти интиқоли маҳсулот байни Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат мекунад, эълом доштанд.

10. Ду Роҳбар ба зарурати афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон таъкид намуданд. Президенти Тоҷикистон бо изҳори миннатдорӣ аз ҳаққи озодии панҷум, ки мақомоти Ҳиндустон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон пешкаш кардааст, хостори кӯшишҳои бештар ҷиҳати мусоидат ба афзоиши парвозҳои мунтазам аз ҳар ду ҷониб гардид.

11. Бо дарназардошти зарфиятҳои мавҷуда, ҳар ду Роҳбар ба сармоягузории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ даъват намуданд. Роҳбарон таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкоронро ҷиҳати таҳқиқ ва истифодаи имконоти мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда, ташвиқ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорони ҳиндустониро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват намуд.

12. Роҳбарон афзоиши иртиботи мардум ва табодули фарҳангию омӯзиширо қаноатбахш хонданд. Президенти Ҳиндустон пойбандӣ ба уҳдадориҳои Ҳиндустонро ҷиҳати тавсеаи манобеи инсонӣ ва зарфиятсозӣ аз тариқи Барномаи ҳамкории технологӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC), бурсияҳои донишгоҳӣ дар доираи Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон ва дигар барномаҳои омӯзишиву таҳсилӣ таъкид намуд. Ҳар ду Роҳбар ба муштаракоти фарҳангии байни ду кишвар ишора намуда, аз аҳамияти барномаҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи табодули фарҳангӣ (CEP) барои солҳои 2016-2018 ва чорабиниҳои дигар ёдовар шуданд.

13. Ду Роҳбар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истифодаи сулҳомези технологияи кайҳонӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ҷониби Ҳиндустон омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои омӯзишӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон изҳор намуд.

14. Ду Роҳбар ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму технология, аз ҷумла, технологияи иттилоотиву лазерӣ, энергияи офтобӣ ва автоматикунонии саноатӣ, даъват намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии Ҳиндустон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои офтобӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

15. Ду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки пос доштани хотираи шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки фасеҳона дар бораи Ҳиндустон навишта, равобити дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Ҳиндустонро тавсиф кардааст, дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар саҳм мегузорад.

16. Ду Роҳбар бо ибрози алоқамандии муштарак ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон, ҷонибдории худро ба раванди сулҳ ва мусолиҳа бо иштироки қавмиятҳои Афғонистон таҳти раҳбарӣ, идора ва назорати мардуми он таъкид намуданд. Онҳо аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва сатҳи баланди хушунат аз тарафи тамоми гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ карданд. Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро ҷиҳати мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон идома хоҳанд дод. Президенти Тоҷикистон нақши мусбати Ҳиндустонро дар кумакҳои муассир ба Афғонистон, аз ҷумла сохтмони инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, муассисаҳои идоракунӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва чораҳои эътимод, баланд арзёбӣ кард.

17. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон иштироки фаъоли  Ҳиндустонро дар  Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҳайси узви комилҳуқуқ баланд арзёбӣ намуданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар бо ишора ба аҳамияти СҲШ, ҳамкорӣ дар доираи созмони мазкур ҷиҳати дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ ва амнияти муштаракро таъйид карданд.

18. Ду Роҳбар ба нақши меҳварии СММ дар ҳалли таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ таъкид намуда, ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир хостори ислоҳоти фарогир дар сохтори СММ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии Тоҷикистонро аз номзадии Ҳиндустон ба ҳайси узви доимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ-и тавсеаёфта таъйид кард.

19. Ҳиндустон ташаббуси Тоҷикис­тонро оид ба  Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муҳим арзёбӣ карда, Конфронси сатҳи баландро дар Душанбе, 22 июни соли 2018, ҳамчун қадами навбатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор донист. Дар зимн, аҳамияти барномаҳои миллии Ҳиндустон, аз ҷумла, «Свачҳа Бҳарат» (тозагии Ҳиндустон), «Намами Ганга» (лоиҳаи тозагии Ганга), «Тарҳи обёрии кишоварзии Сарвазир» ва ғайра, ки ҳадафи асосии онҳо тоза намудани захираҳои об, санитария ва дастрасии мардум ба оби тоза мебошад, ишора гардид.

20. Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳар ду ҷониб муайяншуда эълон кард. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Ҳиндустон барои ин иқдом изҳори сипос намуд.

21. Дар давоми сафари мазкур санадҳои зерин дар таърихи 8 октябри соли 2018 ба имзо расиданд ва феҳристи он дар ҳузури ду Президент эълон шуд:

I. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

II. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

III. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

IV. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;

V. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқоти кишоварзии Ҷумҳурии Ҳиндустон (ICAR) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқоти кишоварзӣ ва омӯзиш;

VI. Ёддошти тафоҳуми Шӯрои марказии тадқиқот дар соҳаи тибби юнонии Вазорати аюш (аюрведа, йога, муолиҷаи табиӣ ва юнонӣ)-и Ҳиндустон ва Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

VII. Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

VIII. Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;

Инчунин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивекананд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд.

22. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Рам Ковинд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм ва дӯстона изҳори миннтадорӣ намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҷавобӣ анҷом диҳанд. Ин даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.