Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Мо, президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон халқҳои Осиёи Марказиро бо ҷашни умумии тамоми минтақаамон – Наврӯз табрику муборакбод мегӯем.

Махсус таъкид менамоем, ки 23 феврали соли 2010 ин ҷашн бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ворид карда шуд.

Ҷашни Наврӯз дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ рамзи эҳё ва бедории табиату ҷомеа, поксозии маънавӣ ва худидоракунии инсон мебошад. Ин ҷашни фархунда некуаҳволӣ, ваҳдат, бародарӣ ва дастгирии мутақобила, инчунин тамоми он арзишҳои фарҳангиву таърихии абадиамонро, ки халқҳои моро муттаҳид месозанд, таҷассум мекунад. Ин мероси бузургро, ки аз аҷдодони умумиамон ба мо мерос мондааст, бояд ҳифз намоем ва онро инкишоф диҳем.

Давраи ҷашнгирии Наврӯз дар ҳама давру замон пойдории муносибатҳои инсонӣ ва оилавӣ, робитаҳои дӯстиву накуҳамсоягӣ ва меҳмоннавозии махсус миёни ҳамсоягонро ифода менамуд. Ин ҷашн имрӯз низ барои мамлакатҳои мо, ки бо таърих, фарҳанг, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои умумӣ тавъаманд, муҳим аст.

Басо рамзист, ки дар арафаи ин ҷашни умумӣ мо барои ҳамкории минтақавӣ, дастгирии мутақобила, ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами марбут ба таъмини амнияту субот ва рушди устувори тамоми минтақаамон изҳори талош менамоем.

Ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи инфрасохтори ҳамлунақлию нақлиётии минтақавӣ, оқилона аз худ намудани захираҳои обу энергетикӣ ва иқтидорҳои озуқаворӣ, рушди саноат ва соҳаҳои коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта ва инноватсия дар самти пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди устувори некуаҳволии мардумони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар заминаи масъулияти таърихии худ барои нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва бародарии байни халқҳоямон, мо ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, маорифу илм, сайёҳӣ ва варзиш даъват менамоем.

Дар арафаи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҷашни эҳё ва тоза намудани рӯҳ, мо ба мардумони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин ба тамоми мардумони сайёра, сулҳу некуаҳволӣ, фаровонию хушҳолӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем.

Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон рафоҳату хушнудӣ биёрад!

15 марти соли 2018, шаҳри Остона