Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3313) 26.01.2015

мх

23 январи соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор шуд.

Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов шунида шуд.

мх зал

Зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади Буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд. Дар айни ҳол таъкид гардид, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳои имсол зиёдшаванда бояд пурра ва сари вақт маблағгузорӣ шаванд.

Дастур дода шуд, ки корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида идома дода шавад. Чунонки зикр гардид, то имрӯз 5600 нафақаи ғайриқонунӣ таъингардида бекор карда шудааст.

Сипас, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Рустам Раҳматзода, роҳбари Ширкати «Помир энерҷи» Далер Ҷумаев, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва директори ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафаров ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳамчунин вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Шодихон, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳисобот доданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд.

Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва неруи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

www.president.tj