Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№146 (3131) 19.11.2013

4

Шонздаҳуми ноябри соли 2013  маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 6 ноябри соли равон ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23 фоизи овозҳои интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони «Дӯсти»-и пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид. Ҷойи таъкид аст, ки ба хотири камхарҷ ва бе масорифи зиёд доир намудани ин маросим, ба он меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даъват карда нашуданд. Зиёфати расмӣ низ ба муносибати ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат баргузор нагардид.

Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти навинтихоби кишвар дар толори шишагини Қасри Миллат, ки деворҳои оинабандиаш бо рангҳои гуногун ҷило медиҳад, бо супурдани Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Суди конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шакли хос ва такмилии ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як бо шакли хос ва шаддаи хоси овеза таҳия гардидааст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ — ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як, шери болдор ва шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх ҷойгир аст, ки аз ёқути сурх сохта шуда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт аст.

Ёқути сурх аз ҷумлаи сангҳои қиматбаҳо буда, беҳтарин намунаҳои он дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Умуман, ёқут, зумуррад, лаъл, тилло ва ҳама сангу металлҳои қиматбаҳои дар Нишони Президент истифодашуда аз табиати биҳиштосои Тоҷикистонанд.

Дар ҳалқаи давродаври заррини нишон ибораи Ситораи Президенти Тоҷикистон аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тилло тасвир ёфтааст.

Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои хос аз тиллои сафед оро ёфтааст, ки онро шукӯҳу зиннат бахшида, рамзи покию озодагии рӯҳ ва сират мебошад.

Ҳар хатти тӯлонии нур, ки маҷмӯан 7 -тоянд, бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна, ки ҳамагӣ 14-то мебошанд, бо ду лаъли ҳалқагин ва 14 хатти хурди нур бо як лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар яке аз 7 гӯшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он санги зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як бо нишони ҳалқавии шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ васл гаштааст. Шери болдор аз даврони қадим рамзи қудрат, шукӯҳ ва азамати давлат шинохтаю эътироф шудааст.

Нишони ҳалқавии шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хосси заррин ва шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи лавҳаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаи зарринро дар таносуби муайян ва пайи ҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррини дигар дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Ҳамзамон бо супурдани Шаҳодатнома ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон дар толори тантанаҳои Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо иштироки даъватшудагон ифтитоҳ намуданд.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганди Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қасри Миллат берун омада, ҷониби Маҷмааи давлатии «Кохи  Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон шуд.

Дар ин вақт бо эълони наттоқ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои низомии идона ва шамшерҳои аз ниёмкашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуданд.

Дар болои подиум Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.

Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.

Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва мардумон аст.

Дар дохили Дирафши Ковиён чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.

Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.

Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл шудааст, ки дар он фамилия, номи падар ва номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мегардад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.

Бо эълони наттоқ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда, дар болои лавҳаи махсус гузошта шуд.

Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки сари синааш бо Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи I оро ёфтааст, ба назди Маҷмааи давлатии  «Кохи Сомон», ки дар пешорӯяш Қаровули фахрии Горди миллӣ саф кашидааст, мерасад ва бо ҳамроҳии Фармондеҳи Гордии миллӣ ба Қаровули фахрӣ наздик мешавад. Дар ин асно садои шиллики ҳафтгона аз тӯпҳо танинандоз мегардад.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» ворид шуда, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардид.

Дар ду ҷониби роҳрави қолинӣ, аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор, сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.

Аз ҷониби чап ва рости даромадгоҳи толор оркестри симфонӣ ва хори академии давлатӣ ҷой гирифтаанд.

Бо эълони наттоқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуд.

Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба болои подиум баромада, баъди эълони наттоқ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса намуд.

Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ, хори академии давлатӣ ва ҳамчунин аз ҷониби аҳли толор зинда садо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ, аз он ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва бо фарҳанги баланди сиёсӣ баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд, барои боварию эътиқодашон ба Сарвари давлати худ арзи сипос кард.

Бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳафт соли охир, аз ҷумла таъкид гардид, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, аз 9,3 миллиарди соли 2006 дар соли 2013 ба 42,1 миллиард сомонӣ расида, суръати миёнаи афзоиши солонаи он беш аз 7 фоизро ташкил дод. Дар ин давра даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳои бонкӣ 4,5 ва маоши миёнаи воқеӣ 5,5 баробар афзун гардид.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки нишондодҳои рушду тараққиёти кунунӣ ҳанӯз қаноаткунанда нестанд ва барои рафъи мушкилу монеаҳои мавҷуда ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аз тамоми имкону захираҳо истифода карда мешавад.

Дар робита ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки «сиёсати хориҷии мо ҳамчун сиёсати маъруфи «дарҳои кушода» ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон равона мегардад ва барои ташаккули ҷойгоҳи муносиби кишвар дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд».

Ҳамчунин таъкид гардид: «Мо бо тамоми кишварҳои ба мо хайрхоҳ робитаҳои дӯстона ва ҳамкориро идома дода, дар навбати аввал муносибатҳоямонро бо ҳамсояҳои наздики худ дар асоси усулҳои эътирофгардида ва пазируфташудаи эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамсоягӣ тавсеа ва тақвият мебахшем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар «ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди кишвар» савганд ёд карда, таъкид дошт: «тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам».

Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эълони наттоқ таҳти мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганд ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт раҳсипор шуд. Аҳли толори тантанаҳо қисмати дуюми маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамон толор аз мониторҳо тамошо карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мошини болокушода ҳамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рӯдакӣ баромад. Аз ду ҷониб дар тӯли роҳ то Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ӯро намояндагони аҳли ҷомеа бо як ҷаҳон ҳисси эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббат шодбош мегуфтанд.

Дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашида, қисми дигари майдонро анбӯҳи мардум пур карда буд.

Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯйи пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҷузъи марказии Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, қарор гирифт.

Дар ин ҷо роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат – вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фармондеҳи Горди миллӣ низ бо либоси ҷашнӣ саф кашиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мошин фуруд омада, ба сӯйи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон равон шуд. Пешопеш афсари Горди фахрӣ ва ду нафар сипоҳиён гулчанбарро бардошта, бо қадамҳои низомӣ пеш мераванд.

Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нимтаъзим ба Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо овард. Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба пушти минбар, ки аз ду ҷонибаш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, гузашт.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савгандёдкунӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба паради ҳарбӣ гузориш дод.

Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод кард.

Баъди итмоми нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «ура»-и секарата ва қарсакзании ҳозирин вазири мудофиаи ҷумҳурӣ калимаҳои савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Дар охири савганд афроди Қувваҳои Мусаллаҳ се карат «савганд» гуфтанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии Гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод.

Ҳамзамон, бо садо додани Суруди миллӣ садои 21 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишварамон танинандоз шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ аз назди минбар оғоз ёфт.

Дар ин тантанаи бошукӯҳ беш аз панҷ ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат намуданд.

Онҳо бо қадамзании мутантан аз назди минбар гузашта, бори дигар садоқати худро ба Президент ва давлати Тоҷикистон таъкид намуданд. Ин паради бошукӯҳ, ҳамчунин нишони омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоқикистон аст.

Бо анҷом ёфтани расми гузашти низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони «Дӯстӣ»-и кишвар ба Қасри Миллат бозгашта, чун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз нав барои ҳафт соли оянда ба ин мақоми олӣ интихоб гардидааст, расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён дошт, ба поён расид.

Мавриди зикри хос аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори дуюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як ойини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

www.president.tj