Машварати кории сарвари давлат

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

18 июли соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва рафти кишти такрорӣ баррасӣ шуд.

Доир ба мавзуи якум ахбори вазири нақлиёти кишвар ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоию фурудгоҳи шаҳри Душанбе шунида шуд. Тавре зикр гардид, танҳо 47 фоиз мусофиркашонии ҳавопаймойӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати на чандон хуби молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастур дод, ки доир ба бартараф намудани камбудию монеаҳои мавҷуда чораҳои муассир амалӣ намоянд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва вусъат додани сохтмони терминали нави фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва беҳсозии ҳолати фурудгоҳҳои дигар шаҳрҳо дода шуд.

Дар робита ба мавзуи дуюми машварат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки доир ба ободу зебо кардани ин минтақа, хусусан кабудизор намудани ду паҳлуи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байниноҳиявӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Зимни ахбори вазири кишоварзӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятии кишвар дар майдони 56 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин баробар ба 70 фоизи дурнамо мебошад. Ин кор дар вилояти Суғд дар ҳаҷми 34 фоиз, дар вилояти Хатлон 84 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳадди 83 фоиз иҷро шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро намудаанд ва ин кор боз идома дорад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар майдони 211 гектар бояд кишти такрорӣ ба роҳ монда        шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини обӣ бояд пурсамар истифода шуда, аз он ду ва зиёда ҳосил рӯёнида шавад. Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат дар моҳи шарифи Рамазон ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар дода шуд.

www.president.tj