Мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

№53 (4003) 11.05.2019

32873366787_158a3f28d2_o10 майи соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд, ки дар он аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе аз вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мақсад аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур шуморида мешавад.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудии соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сипас, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Юсуф, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин, роҳбарони бонкҳои саҳомии кишвар ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмуддинов гузориш доданд.

www.president.tj