Мулоқот бо Маҳмуди Алавӣ

№95 (3241) 12.08.2014

Эрон

11 августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Алавиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба рушди ҳамкории амниятӣ ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар зоҳир шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон нақши намоён дошта бошанд.

Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду давлат сурат гирифт.

ww.presidet.tj