Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гян Ачария

№105 (3585) 09.08.2016

28810922026_078d8b9d3e_oҲаштуми августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ва ҳамдигарфаҳмию густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои махсусгардонидашуда, дафтарҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои 2010 — 2015 дар доираи ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо изҳори таассуф қайд гардид, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда, садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст. Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.

 

www.president.tj