Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Георгина Бейкер

№24 (4130) 22.02.2020

49559616408_269e75c037_o20 феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат масъалаи таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фаъолияти намояндагии корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Тарафҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла, дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкорро муҳим шумориданд.

www.president.tj