Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Моди

№ 24.06.2016

27772760562_57e4b429a6_o24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, мулоқот намуд. Зимни мулоқот  вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассиси Созмони Ҳамкории Шанхай талоши Ҳиндустонро барои ба узвияти комили он пайвастан ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ҳамёрии давлатҳоро дар чорчӯбаи Созмон боз як омили пешбурди ҳамкориии созанда медонад.

Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди муносибатҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитариро аз самтҳои афзалиятноку манфиатбахши робитаҳо арзёбӣ карданд.

Заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳоро айни ҳол 60 санади муҳим дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳад ва сарони давлатҳо раванди татбиқи онҳоро ба таври мусбат баҳогузорӣ карданд.

Таклиф шуд, ки барои ба сатҳи зарурӣ баровардани муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷоннок карда шавад.

Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидњои глобалӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд ва сарони давлатҳо нисбат ба ҳалли он мавқеи ягонаи худро баён карданд.

www.president.tj