Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Л. Вотел

№45 (3682) 27.04.2017

33415319894_76070f2fc5_o25 апрели соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақаро доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Америка дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо дарназардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо низ баррасӣ шуданд.

www.president.tj