Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роналд Поллетт

№85 (3722) 18.07.2017

35078167854_b7d2eb850f_oНимаи дуюми 14 июли соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президент — мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Ширкати «Ҷенерал Электрик»-ро даъват намуданд, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, имкони рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ ба соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Америка, аз ҷумла ширкати бонуфузи «Ҷенерал Электрик», ба рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Тарафҳо оид ба дигар мавзӯъҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судовар низ гуфтугӯ намуданд.

www.president.tj