Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сюй Тсилян

№109 (3903) 06.09.2018

42682804050_d44947e5f3_o5 сентябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сюй Тсилянро ба ҳузур пазируфтанд, ки дар он масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид.

- Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикис­тону Хитой яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад, — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки характери стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, изҳори қаноатмандӣ ва умед намуданд, ки он бо талошҳои пайваста ба таври бемайлон рушд мекунад.

Масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Хитой, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, радикализм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои дигари мавриди баррасӣ буданд.

www.president.tj