Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Залмай Халилзод

№124 (4230) 06.10.2020

50410751441_abe1924c12_oСеюми октябри соли 2020 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод баргузор гардид.

Ҷонибҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъ дар Афғонистон, бахусус, раванди музокироти сулҳ дар ин кишвар ва масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки вазъи Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

- Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро оид ба таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ, аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд, — гуфт Пешвои миллат.

Тарафҳо, ҳамчунин, атрофи аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба рушду тав­сеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикис­тон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка мубодилаи афкор намуданд.

Дар робита ба вазъи амниятии Афғонистону минтақа ҳар ду ҷониб зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла, терроризм, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфият ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъю талош хоҳад кард, то дар самти мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳм гузорад.

www.president.tj