Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Дабири кулли СММ

№76 3870) 21.06.2018

41998099215_25e4bb450b_o19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.

Ҷонибҳо ба нақши Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои арзанда доданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ҷонибҳо ба татбиқи босамари Даҳсолаи байнамилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушд то соли 2020» ноил хоҳанд шуд.

Дар самти расидан ба ҳадафҳои «Рӯзномаи ҷаҳонии рушд — 2030» ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, содагардонии қоидаҳои тиҷорат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Луи Женмин мақоми Пешвои Тоҷикистонро дар пешбурди ташаб­бусҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ба талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Зимни баррасии масъалаи истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда Сарвари давлат ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор то соли 2024» таъкид карданд.

www.president.tj