Мулоқоти Пешвои миллат бо Николай Подгузов

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

51005630271_0660d723ae_o5 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд Николай Подгузовро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

- Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки авруосиёии рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҳавасманд аст, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии панҷ мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Фонди авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди зикршуда Бонки авруосиёии рушд мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ҳамчунин, дар бораи имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук, дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт табодули андеша карданд.

Дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ зарур шуморида шуд.