Пайванди ҷовидона

№99 (3893) 16.08.2018

38896998640_f1192f2b78_oПайванди дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ба ҳам наздику хеш — тоҷикону ӯзбекон таърихи басе тӯлониву ғанӣ дошта, саршор аз муҳаббату қадрдонӣ ва арҷгузорӣ мебошад. Онҳо асрҳо дар як сарзамин зиста, аз як сарчашма об хӯрдаву баҳра бурдаву таъми талхиву ширинии рӯзгорро бо ҳам чашидаанд. Ин ду халқ дар тӯли таърих ба муқобили золимони маҳаллӣ ва истилогарони аҷнабӣ дӯш ба дӯши ҳам мубориза бурда, баҳри озодӣ ва саодат ҷоннисорӣ кардаанд. Онҳо дар сари суфраи маърифату маданият бо ҳамдастиву ҳамдилӣ ва ҳамфикриву заковати некандешӣ осори ҳайратангези моддӣ ва маънавӣ офарида, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, халқу миллати худро машҳури дунё гардонидаанд. Ин дӯстии таърихан қадим ва моҳиятан бузург намунаи дурахшони садоқат ва муҳаббати халқҳо маҳсуб мешавад.

Ҳамрангии урфу одат тоҷикону ӯзбеконро ба якдигар на фақат наз­дик, балки хешу табор намудааст. Чунин муносибат ва пайванду робитаҳои наҷиб барои рушди маданият, адабиёт ва санъати ду халқ заминаи мусоиду мувофиқи фарҳангиву иҷтимоиро фароҳам сохта, дар байни беҳтарин намояндагони огоҳу ориф ва бедору шарифи онҳо дӯстию рафоқат ва ҳамфикриву ҳамкории муносибу мутаносибро ба вуҷуд овардааст.

Дар таҳким ва ташаккули дӯстии ин ду халқи бародар намояндагони илму адаб ва арбобони барҷастаи санъату сиёсат нақши шоиста бозидаанд. Адибону олимон ва сиёсатмадорону хирадсолорон ҳамеша, дар ҳар давру замон, барои ҳусни тафоҳум саъю талош карда, бо ҳар роҳу восита барои пойдории беҳтарин суннатҳову дастовардҳои маданӣ ва маишии ҳамдигар мусоидат намудаанд. Намунаи барҷаста ин дӯстии самимона ва ногусастаниву пур аз файзу баракати ду шахсияти барҷаста — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошанд. Ин ду фарзонаи даврон дар тарғиби ақидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ карда, дар фаъолияти адабӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ мададгору муттакои ҳам будаанд, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи дӯстии ду халқи бародарро ҷилои ҷовидонӣ бахшидааст.

Дарахти дӯстии ин ду халқи соҳибҳунару соҳибгуҳар, ки аз сарчашмаи зебои маърифат асрҳо шодоб гардидааст, соли ҷорӣ бо иқдоми хирадмандонаи ду абармарди сиёсати ҷаҳонӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович аз нав сарсабзу шукуфо гардид.

26835727608_fb15ab916d_oМоҳи июни соли равон бароям имконияти иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм», ки дар шаҳрҳои Тошкент ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, фароҳам омад. Баробари ба сарҳади Ӯзбекистон ворид шудан, насими гарму гуворо ва рӯҳбахши дӯстиро аз муносибати самимонаву суханони пур аз лутфи мардуми сарзамини дӯсту ҳамсоя мушоҳида ва эҳсос намудам.

Ҳамоиш ба масъалаи муқовимат бо ду вабои аср — терроризм ва экстремизм бахшида шуд, ки бо ташаббуси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҳамоҳангсози лоиҳаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид доир гардид.

Дар он зиёда аз 150 нафар аз ҷумлаи парламентарҳо, коршиносон ва мутахассисон аз Амрико, Япония, Британияи Кабир, Чин, Ҳиндустон, Малайзия, Қирғизистон, Туркманис­тон, Кувайт, Олмон, Нидерландия, Афғонистон, Россия,Туркия, Латвия, Испания, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корпусҳои дипломатӣ ҳузур дош­танд.Онҳо масъалаҳои асосии вобаста ба дарки ҳадафҳои ифротгаройӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва стратегияи мубориза бар зидди терроризму экстремизм бо муайян намудани механизмҳои мушаххаси амалишавии ҳамкориҳои байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои фоҷиабори терроризму экстремизмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Илова бар ин, дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон барои таъсиси ниҳоди махсус бар зидди ифротгаройиву тундгаройӣ тасмим гирифта шуд, ки мақсади он коҳиш додани ҷараёни гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва паст намудани хатари ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои тундгаро тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Котиби генералии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаноби Томас Гремингер ҳангоми суханронӣ изҳор дошт, ки аз натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез», ки моҳи май дар Душанбе — пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, хеле хурсанду қаноатманд аст. Бахусус, аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, ки зимни суханронии пурмуҳтавояшон дар конфронс гаштаю баргашта қатъиян таъкид меёфту бо дарки амиқи масъала изҳор менамуданд, ки терроризму ифротгаройӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона», «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад, террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд.

Воқеан хатарҳои ҷаҳони муосир, ибтидо аз терроризму экстремизм то ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ғасби фазои фарҳангӣ аз ҷониби фарҳанги бегонаю ғайрисуннатӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мушкилоте мебошанд, ки домангири башарият гашта, хатари ҷиддиро ба амният ва истиқлолияти давлатҳо ба бор овардаанд. Аз ин хотир, бо нигаронӣ аз хатарҳои муосир, ки бештар ба истиқлолияти давлатҳо бо роҳи зарба задан ба афкору рафтори ҷавонон таҳдид менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷавонон вазифа гузоштаанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд. Зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб дарк намоянд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватани азизро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Терроризми байналмилалӣ: сарчашма ва муқовимат ба он», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузор гардид, қайд намуданд: «Дар шароити пуртазоди имрӯза талоши якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин таҳдиду хатарҳо зарур аст ва дар сурати муборизаи дастаҷамъонаву фаъолона натиҷаи он мусбат хоҳад буд. Тоҷикистон чун узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор гирифтааст. Сарҳади он ҳифзу ҳимояи муштаракро тақозо мекунад, зеро вазъияти ноамни кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя боиси нигаронист, ки он танҳо бо муҳокимаронӣ ҳал намешавад. Амнияти сарҳади Тоҷикистон ин амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақа буда,тарзу усулҳои алтернативии муборизаро тақозо менамояд».

Бояд зикр кард, ки талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани гурӯҳҳои даҳшатафкану тундгаро ва ифротиву носолим дар ин замони пуртаҳлукаву ноором маҳз ба хотири эҷоди дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу саодат, озодиву истиқлолият ва амнияти инсоният дар хонаи муштараки башарият- Замин аст.

Дар Самарқанд, ҳангоме ки меҳмонони конфронсро мизбонон бо осори таърихии шаҳр ошно мекарданд, ободкориву азнавсозӣ дар ҷӯшу хурӯш буд. Роҳбалади мо забоншинос ва публитсисти нуктасанҷ, Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова гуфт: «Ин ҳама омодагӣ ба истиқболи ташрифи меҳмони азизи мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо қадами муборакашонро ба Самарқанди бостон бесаброна интизорем.»

Нақши пурҷилои ин дӯстии арзишманду беназирро, ки мо дар ёдгориҳои пуршукӯҳи фарҳангу ҳунар, асарҳои безаволи илму адаб ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ мушоҳидаву мутолиа карда будем, имрӯз дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дарёфтаем. Ин туҳфаи бузурги тақдир аст барои ду халқи бузург, ки бо заҳмати пайвастаи ду абармарди сиёсат — роҳбарони ду давлат ба даст омадааст. Мо аз қисмату иқболи мардуми сарфарозу сарбаланди тоҷику ӯзбек меболему хушҳолем, зеро:

 Ҳеҷ шодӣ нест, андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Меҳринисо Бобобекова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, муовини раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон