Пешвои миллат ба 42 мутахассиси НБО «Роғун» мукофоти давлатӣ супорид

№108 (4058) 07.09.2019

48686885042_b9e55dfc10_o6 сентябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 42 нафар мутахассиси касбу кори гуногуни ин иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони он таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар кишвар ҳама захираву имкониятро сафарбар намуд.

Таъкид шуд, ки бунёди пурраи ин кохи нур боиси ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон, омили муҳимтарин таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва, муҳимтар аз ҳама, асоси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқии обии «Роғун» коргарон бо Ордени «Шараф дараҷаи II», Медали «Хизмати шоиста» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як коргари Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла, сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, муҳандисон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, сементатор, андовачӣ, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин, пудратчиён — кормандони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус қайд намуданд.

Ҳамчунин, онҳоеро, ки аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

www.president.tj