Пешвои миллат гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфтанд

№132 (3926) 03.11.2018

44760932215_06523f7e81_o2 ноябр дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал — демократи Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, гуфт: «Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед. Мо нисбат ба Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем».

Таъкид гардид, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии Авру­Осиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд. Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия фаъолият карда истодааст.

Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла, омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе, ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

www.president.tj