Маросими гусел бо иштироки Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

№79 (3064) 27.06.2013

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 25 июн бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба поён расид.

Меҳмони олимақомро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал- Ҷобир ас- Сабоҳ ва дигар намояндагони роҳбарияти олии кишвар то фурудгоҳ гусел намуданд. Дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар — шаҳри Алкувайт ба муносибати анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукӯҳи гусел баргузор гардид.

Дар маросими гусел ҳамроҳи Амири  Давлати Кувайт ҳамчунин Валиаҳди давлат Навоф ал-Аҳмад ал- Ҷобир ас-Сабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас- Сабоҳ, муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Шайх Сабоҳ  ал- Холид ал- Ҳамад ас- Сабоҳ, Муовини аввали Сарвазир, вазири корҳои дохилӣ Шайх Аҳмад ал- Ҳамуд ал- Ҷобир ас- Сабоҳ, Муовини Сарвазир, вазири мудофиа Шайх Аҳмад Холид ал-Ҳамад ас- Сабоҳ, Сармушовири Девони амир доктор Абдулло ал- Маътук ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Сарони ду давлат ҳамроҳ ба ин толори бошукӯҳ ворид гардида, сӯйи минбари ифтихорӣ равон шуданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузаштани сарони ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Давлати Кувайт арзи эҳтиром намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин сафар ҳафт санади барои густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар муҳим ба имзо расид. Акнун заминаи мусоиди рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт бо чор санади соли 1995 имзошуда аз 11 санад иборат аст.

Тавофуқоти зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла миёни соҳибкорони ду кишвар, ба даст омад, ки барои оянда заминаи бештари ҳамкории судбахш эҷод хоҳад кард.

Тавре таъкид гардид, минбаъад Давлати Кувайт дар сармоягузории лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ, роҳсозӣ ва ғайра иштироки хешро бештар намуда, барои рушди ҳамкории мутақобилан судбахш дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, саноати хӯрокворию сабук, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати корӣ, истихроҷи нафту газ, содироти об ва рушди сайёҳӣ ҷаҳду талош хоҳад дошт.

Нишонаи дигари таваҷҷуҳи хоси роҳбарият ва мардуми Кувайт ба боздиди давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар инъикоси васеи ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоти сершумори сатҳу зинаҳои гуногун буд.

www.prezident.tj