Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

№38 (3184) 17.04.2014

вахдат

15 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Боздиди корӣ бо шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҶДММ «Голден Груп» дар масоҳати шаш гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Аз иттилои роҳбари ин ширкати ватанӣ Қутбиддин Хайров бармеояд, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сохта, дар он навниҳолҳои помидор шинонида шудааст. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Як соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати шаш гектар бояд сохта, ба кор дароварда шаванд.

Тавре зикр гардид, дар ҳар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, зеро дар ин ҷо на танҳо деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, балки кормандони муҳандисӣ техникӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар шаш гектар наздики 360 нафар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.

Дар гармхонаҳо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва салқинсозӣ дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуқсон ва хушлаззат шавад.

Шаш гектар гармхона бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд меёбад. Ғайр аз ин, гармхона бо истифодаи фаровон аз неруи барқ ва гармии буғхонаи худӣ гарм ё салқин карда мешавад ва бо вуҷуди ин фоидаовар хоҳад буд, зеро аз ҳар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна помидор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти ин гармхонаҳо, асосан аз моҳи ноябр то охирҳои моҳи май, яъне дар мавсими камчинӣ ва қиматии сабзавоти тару тоза, ба бозор пешниҳод мешавад. Тавре иттилоъ доданд, давоми ду сол хароҷоти сохтмон ва таҷҳизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танҳо ба фоида кор хоҳад кард.

Соҳибкори маҳаллӣ Қутбиддин Хайров азм дорад, ки дар ҷараёни ободонию созандагии як гӯшаи мулки бобоӣ саҳмгузор буда, ҳамчунин ба арзонсозии нархи помидору бодиринг дар фасли зимистон, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани сабзавоти барвақтӣ иштирок дошта бошад. Ин соҳибкори маҳаллӣ ҳамчунин азм дорад, ки дар гармхонаҳо парвариши гулҳо ва лимуро низ ба роҳ монад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ин соҳибкори ватанӣ, натиҷаҳо ва дурнамои кораш хушҳол гардида, ба ӯ барору комёбӣ хост ва маслиҳатҳои муфид дод.

Ифтитоҳи корхонаҳои коркарди чарм ва истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр

 15 апрели соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва Корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, Корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармии бозоргир дар назди ҶДММ «Доро оҳангар» бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ӯ аз Аморати Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ин корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пӯсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дӯзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешавад. Дар оғози кор истеҳсоли то 20 намуд маҳсулоти тайёри чармӣ ба роҳ монда шуд. Минбаъд номгӯйи он мувофиқ ба талаботи бозор афзун хоҳад гашт.

Чунонки зикр гардид, ин корхона танҳо қадами аввали кори муштараки ин соҳибкорони Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб аст. Онҳо азм доранд, ки оянда шумораи чунин корхонаҳоро афзун намуда, бо либосу пойафзоли чармӣ, на танҳо бозори Тоҷикистонро пурра таъмин кунанд, балки содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи нишондодаи озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ пӯсти чорво аз Тоҷикистон ба стандартҳои баландтарин ҷавобгӯй буда, дар озмун сазовори ҷойи аввал шудааст.

Дар давраи аввали кори корхона дар он наздики 70 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Тавре зикр гардид, дар назди ҶДММ «Доро оҳангар», ҳамчунин як корхонаи дигари коркарди аввалияи чарм ва корхонаи истеҳсоли зарфҳои алюминӣ ҳам фаъолият доранд. Дар ҳар се корхона ҳоло беш аз 200 нафар машғули кор мебошанд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр бошад, аз ҷониби Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он ду хатти технологӣ васл шудааст.

Дар яке аз онҳо қубурҳои қутри аз 200 то 630 мм ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии қутри аз 630 то 1200 мм нахустин ва алҳол ягона дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна мебошад.

Дар ин корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол аз 13 ҳазор тонна ашёи хом қубурҳои гуногуни ба фишори баланд тобовар тавлид хоҳад ёфт. Қубурҳои ин корхона барои расондани оби нӯшокӣ, оби кишоварзӣ ва гази табиӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 50 сол хизмат хоҳанд кард.

Ин корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 45 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1200 сомонӣ таъмин гардидаанд.

 Боздид аз маҳаллаи нави «Истиқлол» ва оғози сохтмони мактаб бо 1240 ҷойи нишасти хонандагон

15 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди «Истиқлол», ки барои аҳолии аз заминҷунбии моҳи ноябри соли 2013 осебдида дар деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бунёд ёфтааст, ташриф оварда, аз хонаҳои нави онҳо дидан кард.

Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи заминҷунбии 10 ноябри соли 2013 рухдода дар чанде аз деҳаҳои шаҳри Ваҳдат 108 хона пурра хароб шуда, наздики 250 хонаи дигар қисман осеб дида буданд.

Аз ин хотир, барои 108 хонаводаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта шуда, бо ашёи рӯзгор ба онҳо туҳфа карда шуд. Тавре зикр гардид, хонаҳои нав бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи ҳашар бо саҳмгузории мақомоти идораи давлатӣ ва соҳибкорону саховатмандон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар муддати кӯтоҳ сохта шудаанд. Сарфи назар аз он ки қисмати зиёди сохтмон дар мавсими зимистон сурат гирифтааст, корҳо бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. То имрӯз 65 хона пурра омода шуда, сохтмони хонаҳои дигар бо суръати баланд идома дорад.

Мардуми аз заминҷунбӣ осебдидае, ки соҳиби хонаҳои нав шудаанд, аз дастгириҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон ва ғамхории доимии ӯ самимона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

Ба 250 хонаводае, ки хонаҳояшон қисман осеб дидаанд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва 50 фоиз масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ройгон дода мешавад.

Барои бунёди ин маҳалла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 166 гектар замин ҷудо гардидааст. Дар ин ҷо ба 1000 оилаи ба манзили зист ниёздоштаи дигар низ қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Дар маҳаллаи нав бо саҳмгузории роҳбарияти шаҳр ва мардуми саховатпешаи он хатнасури 100 писарча ва тӯйи арӯсии 10 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ороста шуд. Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи кӯдакони хатнашаванда ва арӯсу домодҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 2480 хонанда дар ду баст оғози расмӣ бахшид.

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки маблағгузории сохтмони ин мактабро Созмони сармоягузории Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба уҳдаи худ гирифт. Ин нуктаро намояндаи воломақоми он Абдулло Рашид Лута тасдиқ намуд. Чунонки зикр гардид, ин мактаб бо шароити навтарини таълиму тарбия бо харҷи 21 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки Корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол, ки имрӯз ба кор дароварда шуд, бо саҳмгузории ҳамин соҳибкор аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бунёд ёфтааст.

Тавре таъкид гардид, маҳаллаи навбунёди «Истиқлол» дорои тамоми биною иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи кӯдакон ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ, барқӣ ва оби нӯшокию кишоварзӣ хоҳад буд.

Дар ҷойи мактаби нави оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳри Ваҳдат мулоқоти судбахш анҷом дод.

Ба сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна ва корхонаи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ оғоз бахшида шуд

15 апрели соли 2014 дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Ваҳдат дар паҳлуи терминали нақлиётии он  аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии 26-ошёна асос гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо бо харҷи 400-500 миллион сомонӣ чор бинои 26-ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки дорои 1350 хона бо нархҳои дастрас, асосан барои оилаҳои ҷавон, хоҳанд буд. Дар таҳхонаи ин биноҳо таваққуфгоҳи мошинҳо ва дар ошёнаи якум марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Маҷмааи мазкур, ҳамчунин дорои боғчаи кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ ва бозию дилхушӣ хоҳад буд.

Дар ин ҷо дар вақти сохтмон то 500 нафар ва пас аз анҷоми сохтмон қариб 200 каси дигар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Каме дуртар аз ин мавзеъ, дар соҳили рӯди Кофарниҳон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 1000 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан дӯхти либоси мактабӣ, корӣ ва низомӣ ба роҳ монда, дигар намудҳои либосворӣ ҳам, тибқи фармоиш, омода карда мешавад.

Бинои ин корхона аз се ошёна иборат буда, корхонаи дӯзандагӣ дар қабати дуюм қарор дорад. Дар қабати аввал маркази тиҷорату хизматрасонӣ ва дар қабати сеюм ошхона ҷойгир шудааст.

Дар ду паҳлуи ин бино шаш иморати 13-ошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад ёфт, ки санги асосаш имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ин биноҳо дорои 800 хона хоҳанд буд, ки бо тарҳи зебои замонавӣ сохта мешаванд.

Дар қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ марказҳои  тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд.

Дар паҳлуи дигари бинои корхонаи дӯзандагӣ маркази ташхиси беморӣ бунёд ёфтааст, ки сохтмонаш анҷом ёфта, овардани таҷҳизот ва васли онҳо ҳоло идома дорад.

Дар ҳамаи ин биноҳо оянда то ду ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Оғози сохтмони корхонаи семент бо иқтидори солонаи 500 ҳазор тонна дар шаҳри Ваҳдат

Дар деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги семент ва як маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ  оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нақшаи сохтмони Маркази илмию техникии кишоварзӣ доир ба коркарди тухмии зироатҳо шинос шуда, аз иқдоми сохтмони чунин корхона арзи хушнудӣ намуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона дар ҳамкорӣ бо шарикони хитойӣ бунёд ёфта, асосан ба коркард ва ба кишт омода намудани тухмии пахта, ғалладона  ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғул мешавад.

Ин корхона мавсимӣ буда, дар як соат то 10 тонна тухмиро метавонад коркард намояд.

Корхона то моҳи августи соли равон ба кор омода мешавад ва дар он беш аз 50 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Танҳо дар сохтмони он 40 нафар бинокорони маҳаллӣ иштирок хоҳанд дошт.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони корхонаи семент бошад, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 204 миллион сомонӣ сармояи соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иқтидори солонаи он 500 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад буд. Бо ин иқтидор корхона дар ду навбат бунёд меёбад. Дар навбати аввал солона 200 ҳазор тонна семент истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати аввал 250 кас ва оянда то 500 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхона бо технологияи навтарин ва мутобиқ бо талаботи ҷаҳонии сифат ва экология сохта шавад.

Ташаббускори бунёди ин корхона Хайрулло Маҷидов изҳор дошт, ки барои беҳдошти муҳити зисти ин мавзеъ онҳо тасмим доранд, ки таллу теппаҳои атрофи корхонаро ба боғу ҷангалзор табдил диҳанд.

Дар охир, зимни боздид аз шаҳри Ваҳдат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Сафомиддин Карим» ташриф оварда, ба кишти имсолаи пахта дар он оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ яке аз калонтаринҳо дар шаҳри Ваҳдат буда, дар ихтиёри худ 757 гектар замин дорад. Дар 150 гектари он пахта, дар зиёда аз 500 гектар ғалладона ва дар боқӣ заминҳо сабзавот парвариш меёбад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар иншооти имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қароргирифта ва корхонаю муассисаҳое, ки сохтмонашон оғоз ёфт, барои беш аз 5 ҳазор нафар ҷойи кор бо маоши хуб муҳайё мегардад. Сеюним ҳазор хонавода, пеш аз ҳама, оилаҳои ҷавон дар биноҳои нави 13 ва 26-ошёна соҳиби хонаҳои барҳаво мешаванд. Наздики 1300 оилаи дигар соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуда, шароити истиқоматии худро беҳ месозанд.

www.president.tj