Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Корея пурмаҳсул ҷараён дорад

№53 (3354) 13.04.2015

Бегоҳии рӯзи 10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об ба шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ворид шуд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Тегу Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Тайи рӯзҳои сафар мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе баргузор шуда, дар фароварди он як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.

Мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо раиси Парлумони ин кишвар Чун Ой Хуа ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар баргузор гардиданд.

Дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом дод.

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт. Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд. Ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар Корея таҳсилкунанда дар назар аст.

Мулоқот бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон

Ёздаҳуми апрел дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон, баррасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шуд.

Иштирок дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об

12 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.

Форуми мазкур дар маҷмааи биноҳои «Экспо Корея»-и шаҳри Дэгу бо иштироки қариб 35 ҳазор намоянда аз 170 кишвари ҷаҳон ҷараён дорад.

Дар даромадгоҳи бинои мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе истиқбол гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин Форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» иштирок дорад. Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гардида буд ва инак, соли даҳум аст, ки ҳамаи чорабиниҳои ҷаҳонии вобаста ба об дар тамоми гӯшаю канори дунё барои татбиқи амалии нишондодҳои ҳамин ибтикор ҷараён мегиранд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд.

Бо такя ба арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла зикр гардид, ки «аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада ва то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «… самти муҳими фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад ва дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ мавқеи арзанда дошта бошанд». Бо таассуф зикр гардид, ки «имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду бас».

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳамбастагии «об – неруи барқ – озуқаворӣ» метавонад дар тавлиди неруи барқи аз нигоҳи экологӣ безарар, рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи покизагии табиат ва муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва таъмини минтақаҳои фарох бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми намоёну муассир ва ибратбахш дошта бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон олимону коршиносон ва сармоягузорони ҷаҳонро ба иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи кулли мардумони минтақаи фарохи мо даъват намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои даҳ соли пас аз соли 2015 Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об — ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо қабули ин ташаббус татбиқи босамари тадбирҳои дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» амалишаванда идома ёфта, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати фаъол мекунанд.

Дар фароварди суханронӣ аз иштирокдорони Форум даъват карда шуд, ки дар омодасозӣ ва баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён хоҳад дошт, иштироки фаъол намоянд.

Тоҷикистон ва фаъолияти босамари дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалии онро дар соҳаи об ва энергетикаи «сабз» дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ҳамчунин гӯшаи кишвари мо дар намоишгоҳи форум муаррифӣ менамояд, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шудааст. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон филмҳои мустанаду лавҳаҳои телевизионӣ, мусаввараҳои дилкаш, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва намунаҳо аз обҳои мусаффо ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои кишвари зебои мо пешкаши иштирокдорони сершумори ин Форум гардид. Умуман, тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини Тоҷикистон ҷаҳд доранд, ки аз имконоти ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ барои муаррифии шоистаи кишвари зебоманзари мо ва сарватҳои бебаҳои табиии он ҳамаҷониба истифода баранд.

 Суҳбат бо Президенти Корея ва роҳбари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ

12 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дод.

корея

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.

Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, бахусус дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми даҳ сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея ҳафт баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб ба ҷалби муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Корея ҳавасманд мебошанд ва барои ин корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқот панҷ санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Корея;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

***

Тафсилоти ҳамкории Тоҷикистону Корея, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ Йонг Мок Ким баррасӣ шуд.

Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея тасмим гирифта шуд, ки намояндагии Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боз карда шавад.

Йонг Мок Ким изҳор дошт, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи арсаҳо ва имконоти рушди ҳамкорӣ ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Чунонки зикр гардид, барои бартарафсозии мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва бунёди корхонаи коркарди партовҳои саноатию маишӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик тадбирҳои муштараки иловагӣ андешида мешаванд.

www.president.tj