Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочи

№121 (3758) 12.10.2017

MNK_7732 - копия 210 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

10 октябри соли 2017 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби марги бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён доштанд.

Дар суҳбат сарони ду давлат доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба масъалаи рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита масъалаи таъмини бозорҳои Россия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар ин самт таъкид карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иштироки ширкатҳои Россия дар азхуднамоии бойигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол менамояд ва хоҳишманди тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабуку вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ мебошад.

Ҳар ду ҷониб ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди татбиқи мувофиқаҳои дар ин ҷода бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти ба Тоҷикистон расонидани 62 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ ва ба Тоҷикис­тон омадани аввалин гурӯҳи омӯзгоронро ҳамчун иқдоми нек таъкид карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҷониби Россия барои гузаронидани маъракаи афви шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Россия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар рафти ин маърака, ки моҳи апрели соли равон гузаронида шуд, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар Федератсияи Россия ба расмият дароварданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла вазъи сиёсию низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

 www.president.tj