Сафари кории Пешвои миллат ба Қирғизистон

№41 (3678) 18.04.2017

MNK_445914 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

14 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот Президенти Федератсияи ­Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев низ иштирок намуданд.

Дар нишасти ғайрирасмӣ, аз ҷумла масоили марбут ба тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои СААД дар мубориза ба зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, масъалаҳои таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзо, ҳамчунин вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, таҳкими сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии давлатҳои аъзои СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарони давлатҳо аз амалҳои даҳшатбори рӯзҳои охир дар мамолики ҷаҳон ва давлатҳои аъзои СААД баамаломада изҳори нигаронӣ карда, терроризмро ба таври қатъӣ маҳкум намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа Юрий Хачатуровро ба ҳайси Котиби генералии СААД интихоб намуда, ба собиқ Котиби генералии созмон Николай Бордюжа барои хизматҳои шоиста дар роҳи таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои СААД изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

www.president.tj