Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Файзобод

№114 (4064) 24.09.2019

(Идома аз шумораи гузашта)

48764192036_9dd9e16ef0_o20 сентябри соли 2019 дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки «Сомониён» санги асос гузоштанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди шаҳрак 30 гектар замин ҷудо карда шуда, барои 65 оила манзили истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.

Лоиҳа аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «МК Иншоот» Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.

Шаҳрак дорои майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаи ҳунарҳои мардумӣ, маркази савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хоҳад буд.

Дар рафти сохтмони шаҳраки нав беш аз 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.

Бунёди шаҳрак барои соҳибкорони ноҳия имконоти васеъ фароҳам меорад, ки баҳри ташкили дилхоҳ маркази тиҷоратию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз он ба таври самаранок истифода баранд.

Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз тарафи соҳибкор Манучеҳр Каримзода, ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод сохтмони варзишгоҳи замонавӣ, ки бунёди он барои рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, оғоз гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ҳадафҳо барору комёбӣ орзу ­карданд.

www.president.tj