Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№117 (4223) 24.09.2020

22 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти бунёдкориҳо ва ифтитоҳи иншооти нав ба вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Сафари корӣ аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта, Сарвари давлат нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Қандов» ва «Ҳомид» шинос ва намоиши маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзон дар хоҷагии деҳқонии «Қандов» ба парвариши пахта машғул буда, аз 13 гектар замин дар 9 гектар пунбадона кишт карданд. Бо истифода аз таҷрибаи кишоварзӣ ва тухмиҳои серҳосил, ҳоло пахта нашъунамои хуб дорад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, кишоварзони хоҷагӣ, ҳамчунин дар масоҳати 1,5 гектар маккаи дон корида, 0,35 гектари дигарро барои парвариши шолӣ истифода бурданд, ки феълан зироатҳо нашъунамои хуб доранд. Заминҳои хоҷагӣ барои кишти саб­зӣ ва хӯроки чорво низ истифода шуда, аз ҷумла дар 0,50 гектар беда парвариш мешавад.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии «Ҳомид» иттилоъ дода шуд, ки кишоварзон имсол дар кишти асосӣ пахта, пиёз, гандум ва бодиринг корида, дар кишти такрорӣ низ ҳар порча заминро самаранок истифода бурданд. Аз ҷумла, дар масоҳати 1,8 гектар ҷуворимаккаи дон корида, ҳамчунин парвариши картошкаву мош ва караму турбро бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монданд. Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти картошка, кишоварзон дар масоҳати 0,22 гектар замин картошка кориданд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иброз дош­танд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ дар вазъияти баамаломада омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳритусро аз назар гузарониданд. Иттилоъ дода шуд, ки чанд соли охир рушди бемайлони бахшҳои ғаллапарварию сабзавоткорӣ ва зироатҳои техникӣ дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст. Имсол дар масоҳати 1411 гектар кишти гандум, 140 гектар ҷав, 190 гектар маккаи дон ва 27 гектар лӯбиёгиҳо гузаронида шуда, то ҳол 8932 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки парвариши боғ дар ноҳия ривоҷ ёфта, майдони боғу токзор ба 1259 гектар расонида шудааст ва боғпарварон ҳар сол ба ҳисоби миёна, аз як гектар то 46 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Ба ин васила, онҳо дар таъмини аҳолӣ бо меваҳои хуштаъм, ҳамчунин дар содироти он ба дигар кишварҳо низ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, дар мавсими ҷорӣ боғпарварон 3973 тонна меваи донакдор ҷамъоварӣ карданд, ки ин нишондод аз нақшаи пешбинигашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, анвои гуногуни маҳсулоти полезӣ ба маъраз гузошта шуд ва иқтидори истеҳсолии ноҳия дар ин самт низ муаррифӣ гардид. Ба иттилои масъулин, дар ноҳия имсол 510 гектар замин барои парвариши полезӣ истифода шуда, 23 ҳазору 830 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.

Барои беталаф баровардани чорво аз зимистон, дар хоҷагиҳо 47382 тонна хошоки дурушт, аз ҷумла 18717 тонна хасбеда, 28665 тонна коҳ ва дигар алафи табиӣ захира гардидааст, ки 195 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар намоишгоҳ, ҳамчунин занони соҳибҳунари ноҳия маҳсули даст­ранҷашонро, ки аз навъҳои гуногуни ширинӣ, хӯришҳо ва намудҳои гуногуни нон иборат буд, муаррифӣ карданд. Онҳо барои захирасозии маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ бо истифода аз шаклу усули хоси нигоҳдории маҳсулот талош доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни намоиш иброз доштанд, ки вазъи кунунии ҷаҳон талаб менамояд, ки барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Дар ин замина, ба деҳқонон маслиҳат доданд, ки боду ҳавои мувофиқ ва ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳосили хуб ба даст биёранд. Ҳамчунин, захирасозии маҳсулоти кишоварзиро равнақ дода, марҳила ба марҳила коркарди онро ба роҳ монанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат зимни ифтитоҳи иншооти нав бо варзишгарони ноҳия низ суҳбати самимӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, дар он барои тамрини ҷисмонии ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,16 гектар буда, мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст. Аз ҷумла, гирду атрофи майдонча пурра панҷарапӯш ва чароғон карда шудааст. Майдони бозӣ аз масолеҳи хушсифат бунёд ёфта, барои тамошобинон нишастгоҳҳои алоҳида насб гардидааст.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар баробари бозии футбол, наврасону ҷавонон, ҳамчунин метавонанд ба варзиши сабук машғул гарданд. Дар назди майдончаи футбол дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои машғулиятҳои ҳаррӯзаи варзишӣ ва обутоби бадан насб шудааст. Роҳрав ва гирду атрофи майдончаи варзишӣ пурра сафолакпӯш шуда, бо гулҳои зебои мавсимӣ ва ҳамешасабз оро ёфтаанд.

Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконро самаранок истифода баранд ва вақти холиро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳритус рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Баландии Парчам якҷо бо сутунпоя 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳнои матои он 14 бар 7 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ бошад, 28 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек арзёбӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар масоҳати умумии 0,87 гектар бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Атрофи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ ва фаввораҳо оро ёфта, ҳамчунин барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳҳои замонавӣ насб гардидааст. Роҳрав ва гузаргоҳҳои назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сафолакпӯш гардидааст, ки барои гаштугузор мусоид мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.

50369870743_38edf3438d_oСохтмони он яке аз бандҳои нақшаи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Холназар Достиев дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъморӣ анҷом дода шуд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, қабати якум аз тарабхона, ошёнаи дуюм меҳмонхона ва қабати поёнии он аз ошхона иборат аст. Бино дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд шуда, дорои 40 ҷойи хоб ва ҳуҷраҳои алоҳидаи қабули меҳмонон мебошад.

Меҳмонхона низ бо риоя ва услуби хоси меъмории ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои муштариён имконияти мусоиди истироҳатро фароҳам овардааст. Ошхонаи маркази хизматрасонӣ дар як вақт метавонад 120 нафарро қабул намояд.

Намои берунаи бинои тозабунёд бо тарҳ ва усули миллӣ оро ёфта, саҳни он дар масоҳати 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Чароғонкунӣ ва бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ оро ёфтани атрофи бино ба маркази ноҳия ҳусн зам менамояд. Баъди ба фаъолият пардохтани марказ 20 нафар сокин бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани иншоотро ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани Ватани аҷдодӣ ҳидоят намуданд. Инчунин, ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сарулибоси мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуданд.

Кӯдакону наврасон ба Пешвои миллат ва ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагӣ карда, дар оянда барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус бинои Шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус аз се ошёна ва даҳ утоқи корӣ иборат мебошад. Дар бино, ҳамчунин, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагӣ ҷойгир шудааст.  Иншоот, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардид, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар бино барои кормандон ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи 3-юм барои баргузории маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ толори барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ, ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атрофи бино низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Иншоот чароғон ва дар гирду атрофи он гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус дар маҷмӯъ, 1642 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд. Аз ин шумора 1080 нафарро занон ташкил медиҳанд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити бинои Шуъбаи маориф дар ҳамон ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 46 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби сармояи давлатӣ татбиқ мегардад. Лоиҳа 73 иншооти соҳаи маорифро дар бар гирифта, дар доираи он 68 муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 880 хонанда дар ду баст ва панҷ бинои шуъбаи маориф сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ин шумора 71 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ бо 1920 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин — 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст ва як шуъбаи маориф, ноҳияи Ҳамадонӣ — 3 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Фархор — 3 муассисаи талимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Восеъ — 7 муассисаи таълимӣ бо 3360 ҷойи нишаст дар ду баст, шаҳри Кӯлоб — 7 муассисаи таълимӣ бо 3264 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шаҳритус — 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст, ноҳияи Дӯстӣ — 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва як шуъбаи маориф, ноҳияи Хуросон -3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Ҷайҳун — 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва як шуъбаи маориф, ноҳияи Данғара — 12 муассисаи таълимӣ бо 5472 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Темурмалик — 5 муассисаи таълимӣ бо 2400 ҷойи нишаст дар ду баст ва як шуъбаи маориф, ноҳияи Вахш — 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Балҷувон — 4 муассисаи таълимӣ бо 1728 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Панҷ — 2 муассисаи таълимӣ бо 1760 ҷойи нишаст дар ду баст ва ноҳияи Кӯшониён 3 муассисаи таълимӣ бо 1248 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мешавад. Татбиқи лоиҳа, 11-уми августи соли 2020 оғоз ёфта, 31-уми декабри соли 2024 ба анҷом мерасад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шаҳритус соҳаи маориф рушд намуда, даҳҳо адад мактаби нав бунёд гардида, бинои аксар муассисаҳои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар назди мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шудааст. То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони боз чор муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят ва масъулони Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур доданд, ки муассисаҳои таълимии навро дар асоси талаботи муосири илмомӯзӣ бунёд намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус», ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

50370828486_038b1039d2_oБоғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус» бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бунёд гардидааст.

Иқдоми навсозии он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Он гӯшаи ноободи ноҳияи Шаҳритус буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба мавзеи зебову назаррабо табдил ёфт. Дар он барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони ноҳия шароит фароҳам омадааст. Дар маркази он муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ — Тус, ки дар «Шоҳнома»-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузош­та шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардош­та, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он муборакбод гуфтанд. Муҷассамаи Тус ва ду шери дар паҳлуяшбударо, ки рамзи қудрату ҷасорат мебошад, ҳайкалтарошони бомаҳорат аз санг­ҳои ороишии кишвар сохтаанд.

Дар доираи лоиҳаи таҷдиду навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус дарвозаи он бо навиштаҷот аз нав карда шуд. Ҳамчунин, қаҳвахонаи куҳнаи он, ки «Афсона» ном дорад, таъмир гардида, боз қаҳвахонаи дигар бо номи «Наврӯз» бунёд шуд. Ҳар ду қаҳвахона дар як вақт метавонанд ба беш аз 80 нафар хизмат расонанд. Тибқи лоиҳа, дар боғ ошхонаи замонавӣ барои зиёда аз 50 нафар ва чойхона сохта мешавад. Дар боғ ду фаввора бунёд шудааст, ки калонтарини он 22 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Дарозии фаввораи дуюм се метр буда, паҳнояш ба се метр мерасад.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус чароғҳои замонавӣ ва гуногуншакл насб шуда, он шабона макони афсонавиро мемонад. Амфитеатри боғ низ аз таъмир бароварда шуда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ макони мувофиқ гардидааст. Қаб­лан амфитеатр 150 ҷойи нишаст дошт. Баъд аз таъмиру навсозӣ шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 400 расид. Ҳамчунин, дар он ду ҳуҷра барои ҳунармандон мавҷуд мебошад. Дар гӯшаи дигари Амфитеатр барои пешниҳоди барномаҳои ҳунарӣ саҳнаи фароғатӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар қисми дигари боғ бинои маъмурии муассиса бунёд шудааст, ки он дорои чор утоқи корӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, баъд аз таъмиру нав­созии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон атраксионҳои гуногун насб гардидаанд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, дар боғ майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз, ҳавзи шиноварӣ, толори обутоби бадан, тир ва толори саққобозӣ низ сохта шудааст, ки дар онҳо имкони баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мавҷуд мебошад.

Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ дар боғ беш аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор гули рангоранг шинонида шуда, пайкараи ҷонварони гуногун, аз қабили шутур, бузи кӯҳӣ, хирс, товус, уқоб, кабку харгӯш ва амсоли ин васл гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳияи Шаҳритус мулоқот намуданд.

1Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд, таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ноҳияро мавриди  таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки тӯли 29 соли соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо Шаҳритус низ рушд ёфта, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун симояшро тағйир додааст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар гардидани зиндагии сокинони ноҳия, инчунин, ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон бо истифода аз захираву имкониятҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намудааст. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар то ҳол дар ноҳия панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом ёфтаанд. Ҳоло боз ҳафт лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамчунин, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шуда, 270 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 74 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ҳафт моҳи соли равон ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд. Илова бар ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло дар ноҳия 23 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор адад зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта, чигит, равғани растанӣ, орд, гӯшт, хишт ва маҳсулоти пластикӣ афзуда, дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 22 миллион сомонӣ ё 40 фоиз зиёд шудааст.

Бо вуҷуди сол ба сол рушд кардани соҳаи саноат, нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноаткунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.

Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи кор ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад. Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст. Чунончӣ, то 1 августи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 543 гектар зиёд мебошад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 430,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Зимнан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодиро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, барои рушди кишвар саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла табиб Ҳусноро Бобоева, донишҷӯ Зулфия Имомова ва собиқадорон Насриддин Ғуломҳайдаров ва Сафаралӣ Бобоназаров баромад ва дар бораи рушди ин гӯшаи диёр андешаронӣ намуданд.

22 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Сарвари давлатро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинон самимона истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ташриф оварда, ду агрегати онро ба кор дароварданд. Бахусус, аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-юми неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифода қарор дода шуд.

defaultИттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин неругоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми неругоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

Сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегаташ соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монд. Агрегатҳои неругоҳ куҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз кор баромада буданд.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби куҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, неругоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 МВт фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани он Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пурра барқарор намудани он соли 2011 бо Бонки рушди Осиё Созишномаи грантиро ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расонид.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардош­тани иқтидори неругоҳ, таъмини кори мунтазам ва самаранокии он, мувофиқ намудани фаъолияти неругоҳ ба стандартҳои муосири техникӣ ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии он ба шумор меравад. Мувофиқи Созишномаи грантӣ, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он пурра иваз намудани панҷ агрегат, иваз намудани ду адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 — киловолта пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишофи бахши гидроэнергетика, таъкид доштанд, ки НБО «Сарбанд» иншооти муҳиму стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва зимнан, тадбири навсозӣ дар дигар иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ ҷиҳати расидан ба мустақилияти энергетикӣ ҷараёни тоза касб хоҳад кард.

Тазаккур дода шуд, ки дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Корхонаи муштараки «Синохайдро — Хайдрочина»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ғолиби озмун дониста шуда, иваз намудани панҷ агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва ду адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, корҳои соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии неругоҳ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

То ҳол, дар доираи қисмати зикргардида васли агрегати 5-ум, трансформатори генератории 3, сохт­мони биноҳои маъмурию маишӣ, барқарорсозии крани 250/30 — тоннагии бинои неругоҳ, сохтмони бинои идоракунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё, сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ ба анҷом расонида шуда, моҳи ноябри соли 2018 агрегати рақами 5 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қабл аз татбиқи лоиҳа, иқтидори лоиҳавии агрегати мазкур 45 МВт-ро ташкил дода, баъди васлу насб гардидани агрегати нав иқтидори лоиҳавии он ба 49 МВт расонида шуд.

Дар қисми дуюми лоиҳа, ки аз барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220кВ ва 110 кВ иборат аст, дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Консорсиуми «Генсер ва ГE»-и Ҷумҳурии Туркия тибқи шартнома бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба кор ҷалб гардид. Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 кВ, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 кВ ва биноҳои идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳо дар доираи қисмати мазкур тибқи нақша идома дошта, то кунун сохтмони биноҳои идоракунии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ ба анҷом расонида шудааст. Васлу насби таҷҳизот дар дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/10/35 кВ ба итмом расид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз корхонаҳои зерпудратчии ширкатҳои «ҶЕНЕРАЛ ЭЛЕКТРИК», «ГЕНСЕР» ва «СИНОХАЙДРО» аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Хитой ва Қазоқистон ворид карда шудаанд. Ҳамчунин, вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» маҷмӯи ноқилҳои барқӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода гардид.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо дарназардошти куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 МВт-ро ташкил менамуд. Дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд» иқтидори лоиҳавии он аз 240 МВт ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар он ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Яъне, баъди пурра анҷом ёфтани корҳои навсозӣ иқтидори ҳар як агрегати неругоҳ 20 МВт афзоиш ёфта, то тобистони соли 2021 бо иловаи қариб 100 МВт иншоот фаъолиятро идома хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозӣ дар НБО «Сарбанд» баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сомон дода шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд.

Он аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ буда, баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр буда, дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳм гузоштанд.

Шинонидани зиёда аз 18 ҳазор дона гули ороишӣ, қариб 270 бех ниҳоли сояафкан ва васлу насби воситаҳои дигари ороишӣ, аз ҷумла ба таври муосир чароғонсозии майдони Парчами давлатӣ онро ҷолибу диданӣ гардонидааст.

22 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи «Эҳсон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он, ки дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати 1650 метри мураббаъ сохта шудааст, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Иншооти тозабунёд аз ҷиҳати тарҳ ва лоиҳаи меъморӣ аз дигар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар фарқ мекунад. Намои берунӣ ва дохилии бино аз ҷониби сохтмончиёни бомаҳорати ватанӣ бо нақшунигори миллӣ ва аврупоӣ зебу зиннат дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар тарабхона 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимиву маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои асосии тарабхона барои 246 нафар ҷои нишаст, 19 ҳуҷраи алоҳида бо 114 ҷойи нишаст, 4 толори хурду васеъ барои баргузории ҳамоишҳо, гузаронидани ҷашну маросимҳо ва толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар мавҷуд аст.

Бинои тарабхона аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ва саҳни бино сафолакпӯшу чароғон, дар назди даромадгоҳ ду фаввораи зебову ранга бо тарҳи дилкаш насб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба 144 нафар ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои моливу пулӣ, аз ҷумла, либосу пойафзоли зимистона тақдим намуданд.

Сарвари давлат ятимонро ба омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

Бояд таъкид кард, ки дар сиё­сати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад. Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат ҷиҳати ғамхориҳои падарона изҳори  миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунад ва таҳти парасторӣ қарор медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар он, ки дорои 10 ҳуҷра, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст мебошад, беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Атрофи иншоот бо дарахтони ҳамешасабз оро дода, 3 садяк замини саҳни он сабзкорӣ ва масоҳати 268 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар бино ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксар кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Бохтар ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технологияву илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Ҳамин тариқ, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат нуҳ нафар корманди ҳизбии шаҳри Бохтар соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардиданд.

Бояд гуфт, ки то соли 2013 танҳо  дар панҷ шаҳру ноҳияи вилоят аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳида буданд. Хушбахтона, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ аллакай ин шумора ба 21 адад расонида шуд. Бар замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ ва шумораи аъзои ҳизб нисбат ба 7 соли қабл 100 ҳазор нафар афзун гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷумъабой Ҷалилови шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

3Он дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво» сохта шуда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муассиса, ки аз тарафи соҳибкори ватандӯсту ободкор Амирулло Асадулло дар масоҳати ду гектар бунёд ёфтааст, дорои беҳтарин шароити таълимию табобатӣ мебошад. Он аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 600 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса факултетҳои «Кори момодоягӣ», «Кори табобатӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори табобати дандон» амал мекунанд. Дар маҷмӯъ, он ҷо аз рӯйи нуҳ ихтисос мутахассис омода карда мешавад.

Бино дорои 27 синфхона, 10 утоқи корӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ бо фарогирии 7 ҳазор адабиёти тахассусӣ, фаннӣ, бадеӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, толор, майдони варзишии тобистонаю зимистона мебошад. Озмоишгоҳҳои биологӣ, кимиёвӣ, физикӣ ва анатомӣ бо таҷҳизоти айёниву ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Зимни боздид аз синфхонаҳои фаннӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имконоти хуби муҳайёгардида илмҳои муосирро аз худ намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур, ҳамчунин дорои маркази омодагии қаблӣ барои довталабон ба имтиҳонҳои марказонидашудаи давлатӣ ва пойгоҳи клиникии Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво» мебошад, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд.

Таҳсил дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Бохтар бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Дар он 70 нафар омӯзгор, аз ҷумла,  номзадҳои илм, ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Айни замон дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ ва Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво» 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шудаанд.

Ошхонаи муассисаи таълимӣ, ки ба тарзи муосир сохта шудааст, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 150 нафарро дорад. Бинои муассиса бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз ва бо хати интернет пайваст мебошад. Дар дохил ва беруни муассисаи таълимӣ, дар маҷмӯъ, 90 камераи назоратӣ насб гардидааст.

Барои волидайн имкон фароҳам оварда шудааст, ки рафти баргузории дарсҳо ва давомоти фарзандонро ба воситаи камераҳои сабти видеоию овозӣ аз тариқи «онлайн» назорат намоянд. Дохили бино, синфхона ва утоқҳои корӣ дар фасли сармо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Бинои дуошёнаи қаблии Маркази ташхисию-табобатии «Даво» ба хобгоҳи Коллеҷи тиббӣ табдил дода, дар он барои донишҷӯён шароити муносиб фароҳам оварда мешавад. Маъмурияти коллеҷ мақсад гузоштаанд, ки то соли оянда боз бинои иловагии таълимӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Саҳни бинои Коллеҷи тиббӣ ва Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво»-ро ду фаввора зеб медиҳанд. Роҳравҳо сафолакпӯш карда, дар ду тарафи он гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудааст. Ҳамчунин, дар саҳни ҳавлии муассисаҳо 4 суҳбаткада ва 37 курсии болопӯш сохта шудааст.

Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво», ки аз иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, соли 2008 бо ташаббуси соҳибкор Амирулло Асадулло дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар ташкил гардида буд. Табибону кормандони дармонгоҳ тӯли фаъолияти қариб 12-сола ба сокинони маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои гирду атрофи он хизмати тиббӣ расониданд. Бо дарназардошти муроҷиатҳои зиёди корафтодагону беморон, маъмурияти муассиса тасмим гирифт, ки доираи фаъолиятро васеъ ва бинои хуштарҳу замонавии дорои таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ бунёд намояд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити кории табибон ва имконоти ташхисию табобатии муассиса, ба масъулин дастур доданд, ки баҳри солимии ҷомеа ва таъмини тандурустии сокинон ба мардум хизмати софдилона намоянд. Дар марказ, ҳамчунин, ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ, барқдармонӣ, сабти барқии дил, дандондармонӣ, озмоишгоҳҳои клиникиву биокимиёвӣ ва иммуноферментӣ, ҳуҷраҳои рентгении рақамӣ ва ортопантомография фаъолият мекунанд. Таҷҳизоти зарурӣ аз давлатҳои Корея, Хитой, Туркия, Олмон, Амрико ва Россия дастрас шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомдода ва шароити таълимию табобатӣ дар муассиса баҳои баланд дода, ба фаъолияти минбаъдаи омӯзгорону табибон комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат ба кормандони муассиса се автомашинаи нави ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда, табибонро барои ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонидан ҳидоят намуданд.

Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ бахшиданд.

4Он 12 — ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Дар шафати он таваққуфгоҳи мошинҳо низ мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якум Маркази хизматрасонӣ, тарабхонаи зебою замонавӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 26 ҷойи хоб ҷой гирифтааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона люкс, нимлюкс ва дорои шароити хуб мебошанд. Бино ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Дар бунёди иншоот беш аз 120 сохтмончии маҳаллӣ бо кор таъмин буданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар маркази хизматрасонии бино, дар маҷмӯъ, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин бино ба ду оилаи ҷавон-Марҷона Вализода ва Эҳсон Хӯҷамардов, ки ҳар ду ятим мебошанд, хонаҳои истиқоматии 3 ва 1 — хуҷрагӣ туҳфа карданд.

Манзилҳои истиқоматии тақдимгардида зебову замонавӣ буда, дар онҳо шароити муосири зиндагӣ карда шудааст.

Президенти мамлакат зимни тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонашон бори дигар таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Оилаҳое, ки соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд, аз иқдоми башардӯстона ва раъиятпарваронаи Пешвои миллат ибрози сарфарозӣ намуданд.

Дар толори тарабхона бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намунаи маҳсули дасти ҳунармандони вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки намунаҳои ҳунарҳои миллӣ дар миёни ҷавонон бештар тарғиб карда шаванд, зеро яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз ҳунар ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Инчунин, дар назди бино, ки аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, лоиҳаи сохтмонии биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муаррифӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои меъморӣ, ки бо дарназардошти нақшаи генералии шаҳри Бохтар таҳия гардидаанд, аз хонаҳои баландшёнаи замонавӣ иборат мебошанд.

Зикр гардид, ки сол то сол теъдоди аҳолӣ дар шаҳри Бохтар афзоиш ёфта, талабот ба хонаҳои истиқоматӣ бештар мегардад. Аз ин лиҳоз, зарурати вусъат додани тадбирҳои созандагӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ба миён омадааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иншооти сохташаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд ва дар вақти бунёд биноҳо бо нақшунигори миллӣ оро дода шаванд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти «70-солагии азхудкунии Водии Вахш» ва Нишони давлатиро ифтитоҳ бахшиданд.

Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2018 оғоз гардида буданд. Роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ оро ёфтааст.

Дар бунёди гулгашти «70 — солагии азхудкунии Водии Вахш», ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуд, соҳибкорони ватанӣ низ саҳм гузоштаанд.

Дар рафти сохтмон барои зебову назаррабо ва дилкашу дилнишин гардидан, дар ду тарафи наҳр дарвозаҳои даромад сохта, роҳравҳо сафолакпӯш карда, майдони боғ сабзазор шудааст. Чор фаввораи гулгашт бо сангҳои хоро ва мармар ороиш ёфтааст. Барои равшаннамоии майдони боғ 75 фурӯзонак насб гардидааст. Ҳамчунин, дар як тарафи наҳр ду шаршараи сунъӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст.

Дар тарафи рости наҳр Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва худи нишон ба андозаи 2,6 метр бо санги хоро сохта шудааст.Ду пули пиёдагарди болои наҳр ва як пули калон аз ороишоти дигари боғ мебошанд.

Дар майдони боғ зиёда аз 89 ҳазор буттаи ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла, катарантас, тагетс, тоҷи хурӯс, мехчагули туркӣ ва салвия шинонида шудааст.

Дар гулгашт дарахтони нодири ороишӣ, аз ҷумла арча 330 адад, акатсия — 5, писарвӣ — 35, липа — 35 ва сирена 15 адад шинонида шудааст.

Ҳамин тавр, майдони гулгашти «70-солагии азхудкунии Водии Вахш» ва назди Нишони давлатӣ ба мавзеи хуштарҳу замонавии сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

22 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи  иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир карданд.

44Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос ва ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат, зиндагии ободу осуда орзу намуданд.

Зимни таҳлилу баррасии вазъи феълии бахшҳои ҳаётан муҳими шаҳр таъкид гардид, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи он ва фаъолияти самараноки роҳбарияти вилоят хеле ободу зебо шудааст.

Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ин давра дар шаҳри Бохтар 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 730 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст, ки дар доираи онҳо барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ҳоло дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду азнав­созии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ, беҳтаргардонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, коммуналӣ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кумак ба оилаҳои осебпазир ҷиҳати муқовимат ба вируси COVID -19 татбиқи 14 лоиҳаи дигар идома дорад. Маблағи дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 190 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳама сарчашма танҳо ба сармояи асосӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ гардид, ки дар натиҷа, 250 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 4000 ҷойи нишаст дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона барои 300 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 730 нафар дар як баст ба истифода супорида шуданд.

Мувофиқи нақша ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар бунёди 307 бинову иншоот пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб дар ду солу ҳафт моҳи охир сохтмони 155 адади он ба анҷом расидааст. То охири сол ба истифода додани боз 60 иншооти дигар дар назар аст.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 ҷиҳати сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ 55 миллион сомонӣ маблағ равона карда, фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 28 миллион сомонӣ ба кор андохта шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро вазифадор карданд, ки фаъолиятро дар самти назорати сари вақт ва мақсаднок аз худ кардани маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва истифодаи минбаъдаи самараноки онҳо тақвият бахшанд. Ҳоло дар шаҳри Бохтар 49 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо ба 210 миллион сомонӣ расид. Яъне, нисбат ба соли 2000-ум 120 баробар зиёд. Ҳоло дар корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр беш аз 27 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва 7 номгӯи маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шуда истодааст.

Дар бист соли охир дар шаҳри Бохтар 23 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 650 ҷойи нави корӣ дар самти саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардидааст, ки ҳоло фаъолият доранд. Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби се корхонаи навтаъсис 135 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Пешвои миллат Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, «Саноатсодиротбонк» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароит барои даст­расӣ ба манбаъҳои қарзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои шаҳр дар самти рушди соҳаи саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба онҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳар чӣ бештар ҷалб карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор карданд, ки минбаъд низ мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартибот, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ тавсеа бахшанд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси шаҳри Бохтар дар оянда низ бо заҳмати созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан саҳм мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз иштирокчиёни мулоқот, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, Саломзода Мақсуд, корманди корхонаи «Трансформатор», Амирзода Афсона Умар, донишҷӯ, Бахтиёр Гадоев,  донишҷӯ ва Тутихон Назарова, собиқадор, баромад карда, барои талошу ташаббусҳои рӯзафзуни роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

(Давом дорад)

www.president.tj