Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№120 (3600) 20.09.2016

29598485291_7c7b493f69_o14 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд.

Лоиҳаи ангории иншоот аз ҷониби ҶДМ «Суғд Шаҳрофар» таҳия шуда, бо шакли замонавии хоси таълимӣ бо 13 ошёна сохта мешавад.

Дар ин бино имкон аст, ки 5000 донишҷӯ дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Ба гуфти лоиҳакашон дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронсҳо, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳо, ошхона ва 7 факултет ҷой дода мешаванд. Ҳамзамон, як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазору дусад нафар ҷойи нишаст бунёд хоҳад гашт. Дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда масоҳати бино як гектарро ташкил дода, муҳлати сохтмони он аз 3 то 5 солро дар бар мегирад.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шаванд.

Дар маркази шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд.

Лоиҳаи ин иншооти нодир ва муҳташам, ки акнун ба макони дӯстдоштаи сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метрии он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандсохтмон-1», ҶДММ «СМС», ҶДММ «Каскад» ва ҶДММ «Стройкомплекс» мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён, ки дар як муддати кӯтоҳ ин иншооти зеборо бунёд кардаанд, баҳои баланд доданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ намуданд.

Инчунин, Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки аз надоштани ҷойи зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд рӯ ба рӯ буданд, манзили зист туҳфа карданд.

Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки бо шароити замонавӣ барои зист пешбинӣ гардидааст. Бинои муосири 9-ошёна аз 27 ҳуҷра иборат буда, барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки баҳри зиндагии шоистаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар қисмҳои низомӣ Ҳукумати кишвар пайваста талош менамояд ва ҳар сол шумораи зиёди афсарони қисмҳои низомӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзилҳои зист таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки чунин амали саховатмандона маротибаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби намояндагии ҶСК ­«Санииосп» дар шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии иншоот ҶДММ «Аъзам-Ю» мебошад.

Манзилҳои истиқоматӣ 1 ва 2 ҳуҷрагӣ буда, корҳои сохтмонӣ дар он аввалҳои соли 2016 оғоз гардид. Дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

14 сентябри соли равон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт.

Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, генерал-майор Бахтиёр Рузмуншоев тибқи оини низомиён фармони низом дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Суғд гузориш дод.

Сипас, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон сокинони матиниродаву заҳматкаши вилояти Суғд ва дар шахси онҳо мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрик гуфта, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва саодати бардавом орзу намуданд.

Баъд аз садои Суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид. Онҳо бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ гузаштанд.

Аз ҳама охир намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ташкилоту идора, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи вилоят, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-Модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ карданд.

Барномаи театришудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзури тамошобинон шуд, ҷолиб буд.

www.president.tj