Сафари кории Пешвои миллат ба водии Рашт

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

29312714933_218b615440_oСубҳи 25 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ба ноҳияҳои водии Рашт сафар намуданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса, эҳтироми самимӣ ва ботантана истиқбол гирифтанд.

Ҳамон рӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии Суди ноҳияи Сангвор дар фазои тантанавӣ ба истифода супорида шуд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Хароҷоти умумии корҳои сохтмонии он як миллиону 254 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад. Пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хингоб» корҳои сохтмонии иншоотро дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба итмом расонидааст.

Баъдан, дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, каду, себ, нок ва асали хушсифати истеҳсоли занбӯриасалпарварони ноҳия пешниҳод карда шуд.

Тавре зикр гардид, кишоварзони ноҳия имсол бо истифода аз тухмиҳои маҳаллӣ каду кишт намуданд, ки таҷрибаи аввал буда, ҳосилнокиаш хуб арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат ба кишоварзон ва роҳбарияти ноҳия дастур доданд, ки имкониятҳои фарохи ин бахшро мақсаднок истифода баранд, зеро бо ин роҳ метавон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми муносиб гузошт.

Ҷамъи умумии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор 173 ҳазору 916 гектарро ташкил медиҳад. Аз заминҳои умумии кишоварзӣ 2141 гектар заминҳои корам мебошад, ки 1635 гектари он замини обӣ арзёбӣ мегардад.

Ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо назардошти ин сол то сол оилаи занбӯри асал зиёд карда мешавад.

Дар маркази ноҳияи Сангвор, инчунин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шобуддин Алиев сохта шуда, аз ду фурӯшгоҳ ва як сехи дӯзандагӣ иборат мебошад. Бунёди иншоот соли 2015 оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони он 630 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар сехи дӯзандагии бинои наву замонавӣ 55 нафар духтар ба кор фаро гирифта шудаанд. Онҳо сару либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода мекунанд. Ба таъкиди ҷавондухтарон, ин тадбир агар, аз як ҷониб ба соҳибҳунар гардидани онҳо кумак намояд, аз тарафи дигар шароит фароҳам меорад, ки либосҳо бо сифати баланд ва тарроҳии зебо оро дода шаванд, зеро сехи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Президенти мамлакат дар ошёнаи якуми бино аз Маркази савдои «Ғанӣ» дидан намуданд. Аён гардид, ки дар маркази хизматрасонӣ ашёи рӯзгор пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ имкон дод, ки чанд соли охир дар марказ ва деҳоти ноҳияи Санвор теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ бештар гардад. Ин имкон медиҳад, ки сокинон бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, мушкилот дар самти дастрас намудани маҳсулоти ниёзи аввал аз байн равад.

Дар ин ҷо, ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат тӯйи суннатии 40 нафар хурдсол аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Баргузор намудани хатнасур ба таври дастаҷамъона аз хароҷоти беҳуда пешгирӣ намуда, дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ, ташкили тӯйҳои суннатии дастаҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст.

25 сентябр дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот намуданд.

Аснои суханронӣ  Сарвари давлат сокинони ноҳияро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Роҳбари давлат иқдоми созандагиву бунёдкориро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид, аз заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик маънидод карданд.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла Сангвор, бо дастгирии Давлату Ҳукумат ва дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ ободонӣ мунтазам вусъат гирифта, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардад ва бисёр мушкилоту масъалаҳои сокинон ҳаллу фасли худро пайдо намояд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, ба маблағи 62 миллион сомонӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳои нав ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисфи маблағҳои дар 25 соли Истиқлолият ҷудогардидаро ташкил медиҳад.

25 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод сафар карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия барномаи рангинеро пешкаш намуданд.

Хушию хурсандии хурду бузурги ноҳияро ҳадду канор набуд, зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ин ё он гӯшаи кишвар пайки ободкорию созандагӣ барои таъмини зиндагии шоистаи  мардум мебошад.

 Дар мавзеи Сари қоши ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосили бадастомада, кишти такрории заминҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Дар ин мавзеъ дар майдони 15 гектар навъҳои хуби картошка, аз ҷумла «Тоҷикистон», «Пикассо», «Кардинал», «Ғончӣ» кишт шудааст ва меҳнаткашон аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнданианд. Тавре маълум гардид, дар ин минтақа баъди ҷамъ овардани ҳосили ғалладона дар масоҳати 8 гектар кишти такрории сабзӣ, лӯбиё, мош ва дар майдони 50 садяк замин картошка кишт шудааст.

Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахш ва моҳии зиндаро ба меҳмонон пешниҳод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳияро аз назар гузаронда, бо маҳсули дасти устоҳои чирадаст, дӯзандаҳои бомаҳорат, кадбонуҳо, дуредгарон ва дигар ҳунармандон шинос шуданд.

Сокинони ноҳияи Нуробод дар намоишгоҳ дастоварди 25 соли даврони соҳибистиқлолиро намоиш дода, дар гӯшаҳои махсус таомҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, қолинҳои дастӣ, асбобҳои рӯзғор ва расму оинҳои миллиро бо маҳорати баланд ва дар сатҳи хуби ташкилӣ пешкаш карданд.

 Баъди тамошои намоишгоҳи кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд. 

Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ мебошад. Он бо маблағи як миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз 22 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, синфхонаи бо компютер муҷаҳҳаз барои омӯзиши таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбӣ, нуқтаи алоқа, маҷлисгоҳ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти махсуси оташнишонӣ иборат мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити хизматӣ дар бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ барои ҳама вақт дар ҳолати омодабош қарор доштан ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дастуру супоришҳо доданд. Дар шуъба 30 нафар фаъолият доранд.

Дар он рӯз ба кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомошинаи нави замонавии оташхомӯшкунӣ тақдим карда шуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, таҷҳизот барои кашидани дуд аз дохили бино ва таҳхона, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро аз назар гузарониданд. Кормандони шуъба барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

 Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Боғчаи бачагонаи «Зебунисо»- ро барои 140 нафар тарбиятгиранда ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 нафар кӯдаки ятим иштирок карданд.

Масоҳати умумии қитъаи замини боғча 0,9 гектар ва масоҳати худи бино 906 метри мураббаъро ташкил дода, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи томактабӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд. Фармоишгари ин иншоот Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқии обии Роғун» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чароғ» мебошад.

Дар саҳни ҳавлии боғча 6 адад айвонча барои бозии кӯдакон ва ҳавзи оббозӣ сохта шудааст. Дар ошёнаҳои аз якум то дуюм беҳтарин утоқҳои ­машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, синфхонаи санъати мусиқӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда, дару девори боғча бо санъати зебои тасвирӣ бо расми қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити боғча дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 30 кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии 10 ҷуфти ҷавон иштирок карданд.

Дар доираи сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва ятимпарварона Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба тифлакони хуштолеъ туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, сари онҳоро падарвор сила карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулони соҳаи маорифи кишвар дастур доданд, ки дар тарбияи насли оянда ва кӯдакони ин даргоҳ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шир ва бастабандии равғанро низ мавриди истифода қарор доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» дорои ду сехи истеҳсолӣ буда, дар доираи дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна дар деҳаи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод аз тарафи соҳибкор Фатҳуддин Ҳоҷиев сохта шудааст. Барои бунёду таҷҳизонидани он як миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 8 намуд маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамзамон, барои дар шароити хуб нигоҳ доштани маҳсулот корхона дорои ду сардхона мебошад ва оянда бунёди боз як сардхона барои 120 тонна маҳсулот дар назар аст.

Дар коргоҳи дуюми иншооти истеҳсолӣ бошад, бастубанди равғани растанӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо 3 намуди равған, аз ҷумла равғани пахтаи доғкардашуда ва равғани офтобпараст истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулот таҳти номи «Баракат» дар зарфҳои 750-грамма, 1, 3 ва 5-литра ба фурӯш гузошта мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна равғани дорои сифати баланд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1500 сомонӣ таъмин шудаанд.

Ҳамзамон, дар он рӯз маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад, ба намоиш гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Нуробод бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасониро, ки боиси ободу зебо гардидани диёри биҳиштосо ва хеле беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинон шудааст, аз баракати Истиқлолияту ваҳдат ва ҷонибдории мардум аз сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ба рушду пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод, аҳамияти хоса зоҳир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари меҳнаткашони ноҳия дар бахшҳои зироаткорӣ, боғпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, онҳоро барои истифодаи пурраи имкониятҳо ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Нуробод баромад карда,  барои таъмини шароити созгори кору зиндагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипосу қадршиносӣ намуданд.

26 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод сафар намуданд.

Сокинони ин ноҳияи кӯҳистон Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Аз маҳсулоти кишоварзии дар намоишгоҳ пешниҳодшуда баръало маълум буд, ки деҳқонони ноҳия дар соҳаи картошкапарварӣ ва боғдорӣ таҷриба ва малакаи зиёд доранд. Ҳосили гирифтаи онҳо аз навъҳои гуногуни картошка ва себу нок на танҳо дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад, балки ба давлатҳои хориҷ низ содирот мегардад.

Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзиро, аз қабили сабзавот, навъҳои беҳтарини сабзӣ, картошка, себ ва асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахш ба тамошо гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат  аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Инчунин, Сарвари давлат деҳқононро ҳидоят намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини минтақаҳои кӯҳистонро самаранок истифода баранд. Дар ноҳияи мазкур парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ба мисоли шалғам, лаблабу, каду, карам ва пиёз низ манфиатовар аст.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони соҳибистиқлолии мамлакат рушд карда, ба 5050 оила расидааст.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ аз ҷониби кадбонуҳо намудҳои гуногуни нону кулча ва маҳсулоти ширӣ пешкаш гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон, инчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.

Дар хоҷагии мазкур аз масоҳати умумии 180 гектар замини дар ихтиёрдошта дар масоҳати 50 гектар картошка кишт шудааст. Имсол деҳқонон нақша доранд, ки аз ҳар гектар 300 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Соли 2015 истеҳсоли картошка дар ноҳияи Тоҷикобод ба 21 ҳазору 116 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1992 — юм 12 ҳазору 612 тонна ё 2,5 маротиба зиёд аст. Пешвои миллат дар суҳбат бо картошкапарварон ва масъулини соҳа иброз намуданд, ки картошка ягона маҳсулот ба шумор меравад, ки метавонад ҷойи нонро иваз кунад, аз ин рӯ майдони кишти он ҳар чӣ бештар бояд васеъ гардад. Инчунин, захира намудани он дар сардхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар фасли зимистону баҳор ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод гардад. Инҳо роҳҳое ҳастанд, ки ҳам баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро дар бозорҳои кишвар пешгирӣ мекунад ва ҳам барои таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Ба бахти кӯдакони хуштолеи ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллат, Сарвари ғамхору ятимпарвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуданд.

Президенти кишвар волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз доштанд, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода, як қатор барномаҳо амалӣ карда шуданд. Ин буд, ки дар 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Дар ин чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.

Дар он рӯз хизматчиёни давлатӣ низ, ки дар сохторҳои гуногун фаъолият менамоянд, аз туҳфа бенасиб намонданд. 12 оилаи хизматчии давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти қудратӣ аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои аз 1 то 4 ҳуҷрадорро гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти давлатиро, ки соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардидаанд, ба хизмати софдилонаю одилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар маркази ноҳияи Тоҷикобод меҳмонхонаи наву замонавиро, ки дорои 85 ҷойи хоб мебошад, ифтитоҳ карданд.

Тарҳи бино ва утоқҳои хобу дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва мутобиқ ба талаботи меъморӣ бунёд шудааст. Ҳар як ҳуҷраи хоби иншооти мазкур барои ду нафар пешбинӣ гардидааст ва дорои тамоми шароит мебошад.

Бинои меҳмонхона аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 43 ҳуҷра барои қабули меҳмонон ва 3 ҳуҷраи корӣ барои кормандон иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст сохта шудааст. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯйи САНИИОСП» мебошад. Корҳои бунёдиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунён», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бедак» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони кулиён» бо ҷалби бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ анҷом додаанд. Маблағи ҷудогардида барои сохтмони меҳмонхона 9 миллиону 823 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз ҳуҷраҳои хоб ва дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона Пешвои миллат ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити хуб дар ноҳияи Тоҷикобод барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдасти мамлакат мусоидат мекунад. Зеро меҳмонхона дар шафати шоҳроҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Ваҳдат-Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистон ҷойгир буда, барои масъулон имкон фароҳам меорад, ки дар баробари қабули меҳмонон аз дохили мамлакат, инчунин хориҷиёнеро, ки тавассути ин шоҳроҳ мегузаранд, қабул намоянд.

Меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ дар маркази Тоҷикобод қомат афрохтааст ва намои он ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам мекунад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

 26 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва шумораи зиёди сокинони ноҳия суханронӣ намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат нахуст сокинони шарафманди ноҳияи Тоҷикободро бо 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик тавонист дар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои арзишманд ноил гардад.

Дар ин давра халқи заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму иродаи қавӣ, садоқат ба давлату миллат дар пешрафту тараққиёти ноҳия ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Субҳи 26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш сафар намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон сокинони деҳоти ноҳияи Лахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 235 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба бо истифода аз шароиту иқлими мусоид ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карданд.

Кишоварзони ноҳия ба Пешвои миллат мужда расониданд, ки соли ҷорӣ ҳосили интизорӣ аз кишти картошка ҳудуди 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин ноҳияи баландкӯҳ, ки шуғли асосии кишоварзонаш истеҳсоли картошка, чорводорӣ ва боғпарварӣ мебошад, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дар амал татбиқ мегардад. Дастурхони густурдаи пурнозу неъмати имрӯзаи сокинони ноҳияи Лахш далели ҳамин гуфтаҳост.

Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ ёфт.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои сокинони ноҳияи Лахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар аст ва бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.

Қайд гардид, ки панҷ соли охир бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзонидани он ба занону духтарони хонашин, дар марказ ва деҳоти он чанд коргоҳи хурд сохта ба истифода дода шуд. Амалӣ гардидани иқдоми мазкур боис гашт, ки теъдоди зиёди бонувони бешуғл бо аз бар кардани ҳунари қолинбофӣ зиндагии худро беҳтар намоянд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш таомҳои хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Сипас, боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.

Масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар мегирад ва он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ  шудааст.

Фармоишгари асосӣ барои таҷдиду барқарорсозии роҳи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро роҳсозони ҶДММ «САЛОСА»  ба анҷом расонидаанд.

Дар маросими ба истифода додани роҳ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати азнавсозии роҳҳои боқимондаи ноҳияи Лахш, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, ба масъулони сохторҳои дахлдор дастуру супориш доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин қитъаи роҳ аз ин пеш ҳолати ногувор дошт ва рафтуомади ҳама гуна воситаи нақлиёт ба мушкилӣ сурат мегирифт. Акнун бо мумфарш гардидани роҳи мазкур, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, сокинони ноҳияи Лахш анҷоми корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳоро роҳи расидан ба зиндагии аз ин ҳам хубтар арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шурӯъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то даромадгоҳи маркази ноҳия, баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия роҳи байни деҳаи Майдонтерак то маркази ноҳия ба масофаи 3 километр мумфарш ва роҳи мошингарди байни деҳаи Янгишаҳр то маркази ноҳия ба масофаи зиёда аз 2 километр таъмиру барқарор карда шуд.

Дар маҷмӯъ, солҳои 2010-2015 беш аз 15 километр роҳҳои ноҳияи Лахш мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифта, як пули мошингузар пурра таъмир карда шудааст.

Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти «Ҷиргатол» — и ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат карда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуданд.

Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360  сентнер мерасад.

Ба гуфти хоҷагидорон, имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти картошка 200 гектар зиёд аст ва истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна расонида мешавад.

Тавре зикр гардид, шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои рушди картошкапарварӣ мусоид буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд. Хоҷагидорон навъҳои серҳосили картошкаро, ба монанди «Тоҷикистон», «Сурхоб», «Рашт» ва «Шукрона», ки маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аст, кишт кардаанд.

Зимни суҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки имсол як ҳазору 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 8 хоҷагии коллективӣ ва 3 хоҷагии кишоварзии давлатӣ дар майдони 6 ҳазору 235 гектар зироати гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳамзамон, дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 54 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, майдони боғот дар ноҳия 2 ҳазору 62 гектарро ташкил медиҳад, ки деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Дар ноҳияи Лахш соҳаи чорводорӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даҳ соли охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутосро, ки саршумори он ба 800 сар расидааст, ба тамошо гузоштанд.

Имрӯз дар ноҳия 2417 сар чорвои калон ва 17807 сар моли майда мавҷуд аст.

Сипас, дар шафати намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони деҳоти «Ҷиргатол»- и ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии картошка оғоз намуданд.

Дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти «Ҷиргатол» 320 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардидааст, ки нафарони зиёд дар онҳо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд гардидаанд.

Дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буд ва кишоварзон азм доранд, ки сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро низ бо картошка таъмин намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар маркази ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст ва аз туҳфаи навбатии Пешвои миллат нисбати низомиён дониста мешавад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузор Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» ва пуд­ратчигиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равшани хизматрасон» бар дӯш доштанд. Масоҳати умумии бино 10 ҳазору 64 метри квадратӣ мебошад. Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат калиди ҳуҷраҳоро шахсан ба соҳибони хуштолеъ супориданд ва ба сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамшуда дар манзилҳои истиқоматӣ бевосита шинос гардиданд.

Чуноне аён гардид, манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароити лозима, аз қабили ҷиҳози зарурии рӯзгордорӣ таъмин буда, дар онҳо барои бошандагон имконияти муосири зиндагӣ фароҳам аст.

Дар навбати худ, нафарони соҳиби манзилгардида барои дастгириҳои пайваста ба Роҳбари давлат арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдошта дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

26 сентябри соли 2016 дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуда, фаъолияти меҳнаткашони онро дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини Лахш барои дастгирии сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқона арзи сипос карда, ба онҳо саодату сарбаландӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки дар зарфи 25 сол, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, барои рушди ноҳияи Лахш ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона шудааст.

Бо дарназардошти он ки соҳаи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосӣ ва омили муҳими беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истифодаи захираҳои фаровони об дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка, зиёд кардани майдони боғҳо, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварварӣ ва муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони қадршиноси ноҳияи Лахш баромад намуда, ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои падарона ва дастуру ҳидоятҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

www.president.tj