Сафари кории Сарвари давлат ба Арманистон

№131 (3611) 18.10.2016

30320650605_32c61989e5_o13 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 Сенздаҳуми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд.

Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардид.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кумак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда, дар ин замина фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистонро махсус таъкид намуданд.

Чордаҳуми октябри соли равон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи нав­батии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нахуст дар мулоқоти хосаи роҳбарони ҳайатҳо ва сипас дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Нишасти навбатӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзои СААД — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш, аз ҷумла, масоили марбут ба Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ барои то соли 2025 ва тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди терроризм мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ зарурати муборизаи муштараку беамонро бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизму зӯроварӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ҷалб сохтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон боиси афзоиши хатару таҳдидҳои муосир гардида, амнияту суботи минтақаро халалдор менамояд.

Зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳонро махсус таъкид намуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ягонаи худ дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад ва дар ин самт аз мувофиқаҳои дар доираи СААД ба дастомада ҷонибдорӣ менамояд.

Дар хотима Изҳороти муштараки сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қабул шуда, як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

www.president.tj