Сафари расмии Пешвои миллат ба Федератсияи Россия

№ 18.04.2019

16 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари расмӣ намуданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Внуково — 2»-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр сурудҳои миллии ду давлат навохта шуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

16 апрел дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳои суд­манду созанда анҷом медиҳанд. Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанон доир шуда буд.

Бо гузашти айём нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти суҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Зимни ин сафар низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Федератсияи Россия баррасӣ карданд.

www.president.tj