Сарвари давлат ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд

№22 (3972) 26.02.2019

46471325984_1d3934c659_o24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои баҳорӣ дар мамлакат оғоз бахшиданд.

Дар маърака мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмӯъ ҳазор нафар иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта дар натиҷаи истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид.

Ин дафъа низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 ­навъи себ боғи интенсивӣ бунёд ёфт.

Сарвари давлат шахсан дарахт шинонида, мардуми ҷамъомадаро ба саҳмгузорӣ дар таъсиси боғ ҳидоят карданд.

Дар боғи нав себҳои навъи «Фуджи атсек» — 28 ҳазору 500 ниҳол, «Модӣ» — 16 ҳазору 200, «Ҷералдинӣ» — 16 ҳазор ва «Пингледӣ» — 3 ҳазор, дар маҷмӯъ, 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд.

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи Модӣ – «ММ -106» ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мева маслиҳатҳои муфид доданд.

Ниҳолони дарахтон асосан аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудааст.

Хоҷагидорон аз тракторҳои парки муосири хизматрасонии техникии ноҳия, аз ҷумла, аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамоянд, васеъ истифода бурданд.

Баъди ниҳолшинонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ҷамъомада оид ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.

www.president.tj