Шукурҷон Зуҳуров бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I қадрдонӣ гардид

№105 (4055) 31.08.2019

ЗУХУРОВ29 августи соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ва заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дас­товарду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи он дар мамлакат корҳои созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канор ороставу зебо гардида истодааст.

Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар кишвар корҳои созандагӣ босуръат идома доранд. Хусусан, дигаргуниҳое, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаву канори мамлакат ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардум мебошад.

Сафарҳои кории Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, маҳалҳои дурдаст, нишон доданд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва мардони бонангу номус барои фардои ободу осуда мебошад.

Ҳама кори ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқ, заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат, хизматчиёни содиқи Ватан ва сарбозону низомиёни фидокор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба сокинони мамлакат маънидод ва аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла, омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон изҳори хушҳолӣ намуданд.

Ҳамин тавр, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I (як нафар), ордени «Шараф» дараҷаи II (6 нафар), медали «Ҷасорат» (11 нафар), медали «Хизмати шоиста» (78 нафар), медали «Шафқат» (ду нафар), медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» (се нафар), унвони фахрии «Шоири халқии Тоҷикистон» (як нафар), унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» (як нафар), унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикис­тон» (як нафар), унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (20 нафар), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 нафар), рутбаҳои навбатӣ (19 нафар) ва Ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» (11 нафар) қадрдонӣ шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I қадрдонӣ шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Зикр гардид, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус, занон, дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи ­нашъаовар бо рутбаҳои ҳарбии махсуси мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои I ва III, «генерал майори адлия», «генерал майори хизмати назорати маводи ­нашъаовар», «генерал-майори милитсия», «генерал майор», «генерал лейтенанти милитсия» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардиданд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишвар, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

www.president.tj