Суҳбати Пешвои миллат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

№132 (3612) 22.10.2016

29831786233_259b5514db_oБисту якуми октябри соли равон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати неку дӯстона бо Туркия ва созгории ин мавқеъро бо усули умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Ба ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёр­ҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн роҳандозӣ шудаанд, ишора карда, таъкид гардид, ки дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои Тоҷикистону Туркия мебошанд.

Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ қисмати муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ гардиданд. Тавре таъкид шуд, имрӯз ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва дар Тоҷикистон 88 ширкати туркӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол, бар нафъи мардуми ду кишвар хоҳад буд.

Дар мулоқот омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои идомаи ҳамшарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт таъкид гардида, иштироки Туркия баҳри татбиқи тарҳҳои марбут ба бунёд ва таҷдиди зерсохторҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон, ки аҳамияти бузурги минтақавӣ доранд, муҳим арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки омили муҳими таҳкими дӯстиву рафоқати байни халқҳои ду давлат мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири ногувордошта, ки Тоҷикистон ва Туркия дар ҷабҳаҳои пеши мубориза бо онҳо қарор доранд, махсус таъкид намуданд.

Муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгаройӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳар ду давлат ва минтақа яке аз соҳаҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.

Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, терроризм дину маҳзаб, миллату ватан надорад ва ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз «стандартҳои дугона»-ро қабул намекунад.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Туркияро ҷиҳати андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазири боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои даст доштан дар аъмоли террористию экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта, дар Туркия паноҳ бурдаанд, даъват намуданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат зарурати роҳандозии иқдомҳои ҳамоҳангшудаи қатъиро дар самти пешгирии ҳолатҳои тавассути Туркия пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористӣ бо мақсади иштирок дар задухӯрдҳои минтақаи Ховари Миёна таъкид намуданд.

 www.president.tj