Суҳбати телефонӣ

№8 (4114) 14.01.2020

11 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд, ки зимни он сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро муҳокима карданд.

Хусусан, тарафҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамзамон, аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.

Тибқи тавофуқот ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас дода хоҳанд шуд.

www.president.tj