Суҳбати телефонӣ

№72 (4178) 18.06.2020

Қасри миллат16 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин  суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон саҳми назарраси муҳтарам Си Ҷинпинро дар пешбурди бомуваффақияти муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистону Чин ба таври хоса таъкид карданд.

Ҷонибҳо баъзе аз ҷанбаҳои муб­рами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин, роҳҳои алоҳидаи рушду густариши онҳоро дар шароити кунунии  байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, аҳамияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамдастии ҷонибҳо, пешбурди фаъолонаи масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба ва татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ва тавсеаи онҳо таъкид гардид.

Дар атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавию байналмилалӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Бахусус, ба равандҳои ташвишовари афзоиш ёфтани зуҳуроти буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ чун натиҷаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус диққати махсус дода шуд. Вобаста ба ин тадбирҳои амалии аз ҷониби ду давлат андешидашаванда, ки ба мубориза бо «COVID-19»  ва паст кардани шиддати таъсири манфии пандемия ба низомҳои миллии иқтисод ва тандурустии ҷонибҳо  нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пешвои миллат ба ҷониби Чин барои дастгирӣ ва расонидани кумак ба Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори сипос намуданд. Ба изҳороти Сарвари Чин дар хусуси ихтирои ваксинаи коронавируси нав ва дастраси ҷаҳон гардонидани он баҳои баланд дода шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин амалу қарорҳои роҳбарияти Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятӣ баланд арзёбӣ кард.

Сарони ду давлат аз ҳамкории   кишварҳояшон дар чорчӯбаи  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, СММ, СҲШ ва МҲТБО (СВМДА) изҳори қаноатмандӣ ва ба идомаи муносибатҳо дар оянда низ итминон карданд.

www.president.tj