Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

14 сентябри соли 2020

50341991651_bc26603b1b_oҲамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғдро бори дигар ба ифтихори бистунуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки сокинони вилоят, аз ҷумла, мардуми ноҳияи Мастчоҳ, ин ҷашни барои ҳар шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистон муқаддасу азизро дар баробари тамоми мардуми кишвар бо омодагии шоиста ва дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.

Мо ин падидаи некро давоми чанд рӯзи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мушоҳида кардем. Мардуми заҳматкаши вилоят тавассути татбиқи самараноки сиёсати Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти корҳои ободонӣ иқдомҳои хеле назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Ва ҳоло дар вилоят раванди ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги халқамон — сисолагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат идома дорад.

Умуман, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то моҳи сентябри соли 2021 бунёду азнавсозии беш аз 7200 иншооту биноҳо ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумот, дар вилоят то имрӯз аз ҳисоби буҷет, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатманд ва сармоягузорони хориҷӣ сохтмон ва азнавсозии беш аз 5000 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, 254 муассисаи таҳсилоти умумиву томактабӣ, 74 иншооти соҳаи фарҳанг, 344 беморхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиббӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, 731 маркази хизматрасониву савдо, 29 меҳмонхона, ҳамчунин, 17 боғи фарҳангу фароғат, 40 гулгашт, 335 толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон, 235 корхонаи истеҳсолӣ ва беш аз 2800 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар соли 2020-ум бунёду таҷдиди қариб 1900 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар давоми 7 моҳ 986 иншоот ба истифода дода шудааст.

Аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иншооту корхонаҳои зикргардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Мо имрӯз дидем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ низ раванди бунёдкорӣ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бомаром идома дорад.

Мехоҳам хотиррасон созам, ки ноҳияи Мастчоҳ аз оғози солҳои 60-уми асри гузашта дар тафаккури мардуми Тоҷикис­тон чун майдони ҷасорату мардонагии халқамон ҷой гирифтааст. Зеро он замон ин мавзеъ ғайр аз офтоби сӯзони болои сар ва дашти ташналаб чизе надошт.

Падару модарони наслҳои имрӯза, ки аз диёри кӯҳистони сабзу обод ба ин мавзеъ омада, барои ободии он камар баста буданд, дашти ташналаби Дилварзинро обод ва чӯлистони беобу сӯзонро ба гулистон табдил доданд.

Имрӯз ман дар симои ҷавонони паҳлавонсурату қаҳрамонсират ва бонувони мастчоҳӣ чеҳраҳои ҳамон абармардони заҳматнописанду занони нуронии кӯҳистониро мебинам, ки анъанаҳои аҷдоди шарафманди хешро дар тақвияти корҳои ободониву созандагӣ бо ғайрати ватандӯстона идома медиҳанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар ноҳияи Мастчоҳ солҳои 2018-2021-ум бунёду азнавсозии 531 иншооту биноҳо пешбинӣ ва то имрӯз 369 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд ва бовар дорам, ки ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда сари вақт, бо сифати баланд ва бо риояи талаботи меъмории муосир ба истифода супорида мешавад.

Дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ин диёр пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ 565 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар ноҳия 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба барқарорсозии инфрасохтор ва рушди деҳот, сохтмону муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, бунёду таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои мошингард, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва кам кардани талафоти он, таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи зиёда аз 209 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Инчунин, ҳоло дар ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблаги 35 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ, 39 муассисаи тиббӣ, 30 иншооти фарҳанг, 7 варзишгоҳ, 41 толори варзиш, 28 майдончаи варзиш, 2 меҳмонхона, 130 километр роҳи мошингард, 17 пойгоҳи обкашӣ ва 3 маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бо заҳмати аҳлонаи мардуми ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди шаҳраку деҳот даҳҳо иншооти нав бо тарҳи миллӣ қомат афрохта, ба ин гӯшаи зебоманзари диёрамон ҳусни тоза бахшидаанд.

Имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла, майдони Парчами давлатӣ, чандин бинои маъмурӣ, Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст, Боғи фарҳангу фароғати «Тоҷикистон», Қасри варзиш бо номи «Паҳлавони суғдӣ», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 нафар хонанда, кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» барои 160 кӯдак, фабрикаи парандапарварӣ ва корхонаи коркарди шир ҳамчун натиҷаи кори созандаи сокинони ноҳия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми заҳматкаши ноҳия иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти мамлакатро ба шарафи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона дастгирӣ мекунанд.

Дар иншооту корхонаҳои навбунёди имрӯза барои сокинони ноҳия садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шудааст, ки ин кумаки ҷиддӣ ба ҳалли масъалаи муҳим – бо ҷойи корӣ ва шуғл таъмин намудани мардум мебошад. Мастчоҳ зодгоҳи паҳлавонон ва варзишгарони номдори кишвар мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон ва варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо нафар устодони варзиш аз ҳисоби ҷавонони кишвар, аз ҷумла, аз ноҳияи Мастчоҳ, ба камол расида, Ватани азизи худро дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқиву минтақавӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд ва мардуми тоҷик бо чунин фарзандони ватандӯсти хеш ифтихор доранд.

Мо аз заҳмату талош ва муваффақиятҳои варзишгарони кишвар хуб огоҳ ҳастем ва аз онҳо пирӯзиву дастовардҳои навбатиро интизорем.

Бо мақсади дастгирии варзишгарон ва ҷавононе, ки дар ноҳияи Мастчоҳ низ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат чанд сол пеш тасмим гирифт, ки дар ноҳия як варзишгоҳи замонавиро бунёд намояд.

Имрӯз мову шумо дар варзишгоҳи муосир, ки бо дарназардошти талаботи замони нав ва бо тамоми шароити зарурӣ барои 10 ҳазор нафар тамошобин бунёд шудааст, ҳузур дорем.

Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 24 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Итминон дорам, ки варзишгоҳи имрӯза ба оммавигардонии варзиш, рушди минбаъдаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ на танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, балки дар вилояти Суғд такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи коргарону сохтмончиёне, ки дар бунёди иншооти имрӯз ба истифода додашуда, аз ҷумла, варзишгоҳ, заҳмат кашида, барои ҷавонон ва мардуми ноҳияи Мастчоҳ чунин як варзишгоҳи замонавиро бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ бунёд кардаанд, инчунин, ба соҳибкорону шахсони саховатпеша барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон изҳори сипос менамоям.

Бовар дорам, ки минбаъд тавассути истифодаи ин иншооти муосир  дар ҳаёти сокинони ноҳия, махсусан, наврасону ҷавонон варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим густариши бештар пайдо мекунад.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд ба масъалаи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан, дар ин давраи ҳассос, ки хатари доман паҳн кардани бемории сироятии COVID -19 ҳанӯз аз байн нарафтааст, ҳар рӯз таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Илова бар ин, зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар омодагӣ ба зимистони дарпешистода, дар навбати аввал, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, дигар ташкилоту муассисаҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ вусъат бахшида шавад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Истиқлолияти давлатӣ дар охири садаи бистум дар ҳаёти халқи тоҷик оғози марҳалаи нави рушди ҳамаҷониба гардида, ба мардуми мо имконият фароҳам овард, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои бесобиқаи таърихӣ ноил шаванд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва худогоҳу худшинос бо ифтихору шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини халқамон ҳамеша саъю талош намуда, дар пешрафту тараққиёт ва сарсабзиву ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро гузорад.

Баргузории ин тантанаи бошукӯҳро низ, ки аз баракати истиқлолу озодии халқи азизамон мебошад ва ифтитоҳи варзишгоҳи муосиру муҷаҳҳазро бори дигар ба мардуми худогоҳу хештаншинос, баору номус ва ватандӯсти ноҳияи Мастчоҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, некномиву осудаҳолӣ, саодати зиндагӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!