Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба ходимони давлатӣ

№108 (4370) 31.08.2021

51415448164_5fe5ef3e02_o31 августи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ходимони давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба собиқадорон барои кору фаъолияти ватандӯстона миннатдории самимӣ баён карда, иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар аз имтиҳони тақдирсӯзи таърих гузаштем ва онро ба даст­оварди тақдирсоз табдил додем. Маҳз бо талошҳои ватандӯстона ва заҳмати содиқонаи сокинони Тоҷикистон ба рӯзҳои ободу осуда расидем ва давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон сисола шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, вобаста ба вазъи пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, таҳдиду хатарҳои муосир, андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар шароите ки авзои минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ қарор дорад, ҳамеша бояд ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиатҳои милливу давлатиро қотеона ҳифз кунем.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар 90 нафар ходими давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

51413946507_d23ecddd74_oДар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ» 88 нафар бо медали ҷашнии «30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва 2 нафар бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд. Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват карда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳм гузоранд, зеро ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.

Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар доираи сиёсати неки иҷтимоии Пешвои миллат ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар баробари мардон, баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа неку назаррас аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар маросими супоридини мукофотҳои давлатӣ як гурӯҳ занону бонувони фаъоли кишвар, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун паҳлуи Сарвари давлат содиқона фаъолият карда, сиё­сати бобарору ояндадори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ карданд, бо медали ҷашнии «30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ» қадрдонӣ шуданд.

Хизматҳои шоёни бархе аз шоирону нависандагон, ки таърихи пурпечутоби давлати навини тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, ҷонфидоии фарзандони барӯманди халқ, заҳматҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мушкили барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикис­тон васф кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматиро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ иҷро менамоянд.