Таъиноти кадрӣ

№71 (4177) 16.06.2020

Қасри миллат15 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамудин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Бобошоҳзода Муҳаммадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сардори давлат ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳо таъиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар қабули қарорҳои ба манфиати миллату давлат созгор ҳидоят намуданд.

Тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба ва бозомӯзии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ маҳсуб шуда, дар робита ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

«Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт чораҷӯӣ намуда, амнияту суботро дар мамлакат таъмин намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳуриро сари вақт ва сифатнок таъмин намоем», — иброз доштанд Пешвои миллат дар анҷоми мулоқот.

www.president.tj