Таъиноти кадрӣ

№14 (4120) 30.01.2020

49449437912_49aa6e455a_o27 январи соли 2020 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар вазорату идораҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Салимзода Амонулло Файзулло вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен, Салимзода Комил аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раҷабзода Муҳаммадҷобир аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд. Сулаймонзода Акрам Раҳим – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Нуъмонзода Темур – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Саломзода Сиҷоуддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоев Нусратулло, Саидова Ҷамила аз вазифаҳои муовинони вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матробиён Саодатшо Қосимзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод ва Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон — раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ — раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ — раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғаффор — муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммад­ёрзода Усмон Маъмур — ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин, ки аксаран ҷавонони  соҳибтаҷриба ва донандагони хуби соҳаи худ ҳастанд, Сарвари давлат аз фаъолияти кордонӣ ва малакаи роҳбарии ҳар яки онҳо вобастагӣ доштани рушду инкишофи соҳаҳояшонро таъкид ва ба хизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ даъват намуданд.

Ба тарбияи кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷалби бештари олимону мутахассисони болаёқат ба соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бознигарии фаъолияти пажӯҳишгоҳу марказҳои тадқиқотии Вазорати кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида талаб намуданд, ки вазифаҳои хизматии худро дар чаҳорчӯбаи қонун ва талаботи замони муосир ба роҳ монда, барои боз ҳам самараноку муассир гардидани фаъолияти роҳбариашон пайваста омӯзанд ва ҳамкориро бо вазорату идораҳои марбута зич ба роҳ монанд.

www.president.tj