Тағйироти кадрӣ

№15 (3965) 07.02.2019

32051376377_b2d1d39ec6_o5 феврали соли 2019 дар асоси фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо, ­муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои мазкур таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Суҳбат бо роҳбарони вазорату идораҳои марбута аз таҳлилу баррасӣ ва масъалагузориҳои ҷиддӣ, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд, шурӯъ гардид. Сардори давлат таъкид намуданд, ки муносибат ба кор дар фаъолияти ҳар як роҳбар бояд аз нигоҳи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дидгоҳи замонавӣ сурат гирад ва ташаббуси навоварӣ, завқи баланди зебоипарастӣ, нигоҳи тоза дар ҳалли мушкилоту монеаҳои сунъӣ вазифаи асосии ҳар фарди ватандӯст бояд бошад.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Ибодулло Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насредин Исматулло бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салим Носирҷон Юсуфзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Наврӯзшоев Довутшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х. Ю. Юсуфбекови Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддинов Зайниддин Қамарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти химияи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрами Зикриё Иномзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзораҳимов Акобир Каримович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, ваколати директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич бо сабаби вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд.

Ҳамчунин, бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муминова Фарида Маҳмудовна аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

www.president.tj