Терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст

№58 (4008) 23.05.2019

47107567424_2aae70d737_o21 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46 — уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Тавре таъкид гардид, ҷаласаи роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити ниҳоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид ва рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар самти таъмини амнияту суботи минтақа тақозо менамояд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мутаассифона, терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина, дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин, дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода мегардад ва онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва моддиву молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмӯъ, ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонис­тон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афзоишёбанда мебошад ва барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста, кумаку дастгирии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад. Яъне, Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза ба терроризму ҷинояткории муташаккили фаромилӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Сарвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид дош­танд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад, бори дигар изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокчиёни ҷаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди террористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида, бо истифода аз имконоту иқтидор дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои ИДМ саҳми муносиб мегузоранд.

www.president.tj